Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зан беҳолона рӯи хараки назди дарвоза нишаст. Ӯ дар тӯли зиндагиаш рӯзҳои сахтро бисёр дида, ба қавли маъруф, аз байни обу оташ гузаштааст, аммо ҳоло намедониист чӣ кор кунад. Беморе, ки нимзиндаву ниммурда дар дохили занбар мехобид, замоне шавҳараш буд, вале 25 сол пеш, дуруст дар синни 40-солагӣ васвосӣ шуд ва кастумаш дар китфаш рафту дигар барнагашт. Дур нарафт, ду кӯча он сӯ ба муаллимаи забони англисӣ хонадор шуд.
Зан монду се кӯдаки пешодумкол, мисли Алулаку Булулак ва як хусури пири барҷомонда, ки базӯр то ташноб мерафт.
Зан ним сол пеш хабар ёфт, ки мағзи сари шавҳараш сакта кардаст. Ӯ ин хабарро аз тариқи занги видеоӣ ба фарзандаш расонд, то нагӯянд, ки чаро ба мо нагуфтӣ.
Писари калонӣ, бо шунидаи хабар файласуфона “мда-а-а” гуфт. Модар нафаҳмид, ки ин нидо аломати тараҳҳум буд ё тааҷҷуб. Писари дуюмаш дар ҷое буд, ки телефонаш «антен»
намедод: “алло, алло”- гуфту гӯширо қатъ кард. Духтараш, фарзанди аз ҳама хурдии хонадон, бо нидои «Oh, my God!»
ҳарзамонанд чизе гуфту аз пайи кораш рафт. Беэътиноии фарзандон ба модар нафорид, аммо онҳоро дарк мекард.
Хотираи фарзандонаш, ки вақти рафтани падар калонӣ даҳсола, мобайнӣ ҳаштсола ва хурдӣ шашсола буд, дар тӯли
25 сол чун аксҳои албоми қадимӣ зарду камранг шудааст.
Писари калонӣ духтури ҷарроҳ аст. Мегӯянд, ки дар соҳаи худаш назир надорад, аммо беандаша ҳарф мезанаду бераҳмона мебураду медӯзад. Ҳарфаш чун тир одамро шикоф мекунад. Модар гоҳо фикр мекунад, ки шояд ин сангдилӣ таъсири касбаш бошад.
Писари дуюмаш ҳам духтур аст, бо «Салиби сурх» дар ким-кадом давлати африқоӣ кӯдаконро аз марг наҷот медиҳад. На зан дораду на кӯдак ва дар дунёи худаш зиндагӣ мекунад.

пешина
аз 473
навбатӣ