Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳоло ки сактаву маъюбу бистарӣ шудаст, оварда бар сари ман бораш мекунад?

  • Апа, ин кӯдак ба корҳои шумо чӣ корад, гуфтанд бар, гирифта овард. -ронанда тарафи ҷавонакро гирифт.
  • Кӣ гуфт ӯро ба хонаи ман биёред?
  • Худаш хоҳиш кард, гуфт, ки дар хонаи падариаш мурдан мехоҳад. - ҷавон инро гуфту ба тарафи дар рафт.
  • Куҷо? Ин одами ниммурдаро овардед, ки ман бо ӯ чӣ кор кунам? Ин ҷо касе нест, ки ӯро пасту баланд кунад. Ман на тавони ахлотшӯӣ дорам, на бемордорӣ.
  • Мошини калон ёфтан осон нест, ин одамро базӯр хоҳиш кардам, - гуфт ҷавон ва ба тарафи ронанда ишора кард, - ҳар гапе доред, ба падарам бигӯед. Худаш моро маҷбур кард, дасти чапаш кор мекунад, гапҳояшро менависад...
    Ронанда арақи пушти сарашро поккунон оҳиста аз дар баромад, ҷавонак ҳам ба думболи ӯ шитофт.
  • Бардор занбарро, вагарна дод мезанаму ҳамаи маҳалларо ба по мехезонам!
    Онҳо дигар ба ҳарфи зан гӯш надоданд ва ба сӯи мошини канори роҳ, ки шабеҳи ёрии таъҷилӣ буд, давиданд.
    Ронандаи паҳлавонҷусса, ки дар кобинаи мошин базӯр меғунҷид, муҳаррикро рӯшан кард.
    Ҷавон бо як ҷаҳиш худро ба паҳлуи ронанда гирифт ва гуфт:
  • Ҳай кун!
    Зан аз дастаи дари мошин дошта, фарёд мекашид:
  • Э бача, фаро падаратро бигир!” Ҷавон пушташро ба тиреза гардонд. Рафтораш хашми занро бештар кард. Ӯ санги ба мушташ баробарро аз замин бардошт ва ғазаболуд ба сӯи тирезаи мошин ҳаво дод. Санг ба оҳани болои тиреза бархӯрду гашта ба дарахти тути лаби ҷӯйбор зад.
    Мошин он чунон тунд пеш рафт, ки ангор, мехост парвоз кунад. Дар ҳаво чангу хок, дар кӯча зани дар ҳоли шок ва дар айвон бемори дар занбар монд, ки сарнавишташ дар байни замину осмон муаллақ буд.
пешина
аз 473
навбатӣ