ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ронанда як сулфиду бо садои ғулдуросиаш “соҳибхона” гӯён фарёд зад.
Ҳуҷраи назди айвон бо панҷараҳои бузург ва пардаҳои ҳарираш эҳтимол хонаи пазироии меҳмонҳо буд, вале ин эҳсосро медод, ки дари он солҳо боз ба рӯи касе боз нашудааст.
Ғиҷирроси дар аз кунҷи дигари ҳавлӣ, аз тарафи хонаҳои қадимитар баланд шуд ва зани миёнасоли сафедпӯш, ки эҳтимол аз сари ҷойнамоз баланд шуда буд, аз дур ба ин ду мард дидаи зеҳн монд ва оҳиста пеш омад.
Се-чор қадам пеш гузошту ногоҳ дар ҷояш шах шуда, аз ҷавон чашм намеканд, мисли ин ки ӯро шинохт. Абрӯвони сиёҳаш гиреҳ заданд. Ҷавон ба сӯи айвон нигоҳ кард. Зан низ оҳиста аз чеҳраи ӯ чашм канд ва рӯ ба айвон овард. Дастаи занбарро диду суоломез ба меҳмонҳои саҳаргоҳӣ нигарист.
Одами даруни занбар дасташро бардошту чӣ ишорае кард, вале дасташ беҳолона ба замин афтид. Зан акнун мутаваҷеҳ шуд, ки ин ду нафар дар каллаи саҳар дар ҳавлии ӯ чӣ мекобанд.
- Инро куҷо овардед? - пурсид ӯ бо садои баланд. Гӯё мехост ҳамсояҳо низ овозашро шунаванд.
Ҷавон гунаҳкорона сар хам кард, ангор нақши худро то ин ҷо хуб медонист, аммо аз ин ба баъдашро тамрин накарда буд. - Худаш хост… - гуфт ӯ ва ангушти ишораашро сӯи айвон баланд кард.
- Инро-ку мағзаш сакта кардааст, модари ту чӣ? Магар девона шудаст, ки шӯяшро ба хонаи ман фиристод? - зан то рафт оташ мегирифт.
Ҷавон рӯяшро тарафи ҳавлии ҳамсоя гардонд, мехост зан дилашро зудтар холӣ кунад, қаҳраш паст шаваду беморро бипазирад ва онҳо аз пайи кори худ раванд. - Бардор бубар падаратро! Ҷавону пулдору тануманд буд, модари ту ӯро бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор