Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

(Ҳикоя)

РАҚСИ ГУЛБАРГҲОИ ГЕЛОС

Беморро субҳи муллоазон дар занбар оварданд. Ӯро писараш овард, бачаи тахминан 16-17- сола. Дари ҳавлӣ баста буд, писар каме дар гирди дару девор тоб хӯрд, вале тугмаи зангро пахш накард. Шояд намехост соҳиби хонаро бедор кунад ё мехост дуздона ворид шавад. Аз сари девори начандон баланд париду қуфлро аз дохил боз кард ва сипас дастаи пеши занбарро гирифту бо ишораи сар ба ронанда “бардоштем” гуфт. Аз кӯча то ҳавлӣ даҳ-дувоздаҳ қадам роҳ буд, вале ҷавону ронанда дар ин фосилаи кӯтоҳ ду бор занбарро ба замин гузошта, бо “уфу пуф” дам гирифтанд.
Онҳо ба бемори дохили занбар нигоҳ намекарданд, гӯё зуғол мекашонданд. Ронанда, ки як марди паҳлавонҷуссаи сиёҳпӯст буд, аз рӯи тану тӯш мебоист ин борро худаш танҳо сари даст меовард ва зери бори вазнин сурху кабуд намешуд.
Аммо чеҳраи арақшораш мегуфт, ки бо ин ҷуссаи бузург ӯ мисли чанори миёнаш ковок ҳайбат дораду дар асл хӯсае беш нест. Ҷавони қоқи гарданборик, ки мӯи пушти лабаш пашми чӯҷаи тоза аз тухм баромадаро мемонд, дар обу арақ ғӯтида буд. Рагҳои дасту пешонааш он чунон таранг буданд, ки гӯё ҳоло ё замони дигар пӯсташро медаранд ва берун меҷаҳанд.
Занбарро бо азобе ба айвон бароварданд ва ҳарду оҳи сабук кашиданд. Ронанда аз ҷайбаш рӯймолчаи ғиҷимшудаеро, ки шояд моҳҳо рӯи обро надида буд, баровард ва арақи сару гарданашро пок кард. Ҷавонак дастмол надошт, арақашро бо остини куртаи сафедаш рӯфт.
Одами дохили занбар овоз баровард. Аммо гӯё рег дар даҳон дошту ғурунгос мезад, маълум набуд, чӣ мегӯяд. Ҷавон аз пушти шонааш ба сӯи овоз нигоҳ кард, вале аз ҷой наҷумбид. Ӯ ба манзури “акнун чӣ кор кунем?” суоломез ба ронанда чашм дӯхт.

пешина
аз 473
навбатӣ