ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Мехост нишон диҳад, ки дар дил нисбати ӯ кина надорад ва ба ҳарфаш бовар кардааст.
Вақте охирини ҷузъи ороиши арӯс, ҳарири муҷалалро ба рӯяш партофтанд, Гулнисо хам шуду гирист.
– “Арӯсро бароред, дер шуд” - фарёд кард касе аз берун.
Арӯс дар иҳотаи занҳо ва бо садои доира аз дари ҳавлие, ки ним сол пеш дар як рӯзи тобистон бо як саги гӯшбурида ва бачаи 12 сола ба он ворид шуда буд, берун баромад.
Мардҳои маҳалла ба базмгоҳ наомаданд, танҳо Сафоли мӯзадӯз дар як гӯшаи базмгоҳ бегонавор меистод. Лабханд дошт, аммо маълум набуд, ки механдид ё мегирист.
“Барор-барор”-и арӯсро падарам аз панҷараи меҳмонхона медид, чашмам ба ӯ афтоду рӯямро тарафи дигар тофтам, гӯё надидамаш. Намедонам чӣ ҳол дошт. Дар хона худаш танҳо буд, ҳатто модарбузургам бо пойи дардмандаш ба тамошои арӯсбаророн баромад.
Вақте домод арӯсро бо мошини пеши он замон ва бо сурнаю карнай аз кӯчаи мо бурд ва охирин меҳмон қуфли калонеро ба дари Гулнисо зад, падарам пардаҳоро басту аз пеши панҷара дур шуд, ангор сафҳаи дардноки зиндагиашро пӯшонд...
…Аз хоб хестан дар хонаи падарӣ маззаи аҷибе дорад, мавҷи хотираҳо ба соҳили зеҳнат медаванд ва наврасиатро мебинӣ, ки пойи урён рӯи реги соҳил нарм қадам мезанад. Аз ҳамсояҳои пешин дар кӯчаи мо касе намондаст, аммо нусхаҳои онҳоро мебинам, ки кӯчаро пур кардаанд.
Додарзодаи ман себҳои доманашро як-як ба об сар медиҳад ва нусхаи Майрамбӣ, Майсара, Моҳпайкар, Давлатбӣ, Сафол, Сафар ... бо сару садо қад-қади ҷӯйбор аз паси себҳои пешпазаки мо медаванд.
Даст ба ҷойбам мебараму дилам аз шодӣ гум мезанад. Ин калиди хонаи хотираҳои ман аст, ки шаб бародарам овард.
Ман дар ин хона чизеро иваз намекунам, танҳо ду ҷуфт пахтасеб мешинонам, ки шабона меваҳои пухтаи худро ба замин парт кунанд ва раҳгузарҳо аз бӯи себи кафида маст шаванд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор