Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамсояҳо гоҳ-гоҳ ба хонаи мо сар мезаданд. Вонамуд мекарданд, ки чизе нашудаст, намехостанд модарамро озурда кунанд.
Гулнисо ногаҳон пайдо шуд. Бомдод буду ман рӯи кат мехобидам. Модарам говашро ҷӯшиду сатили ширро ба шохи ангур овехт. Дарро кушоду хост говро ба подабон супорад.
Гулнисоро дид, ки дар пушти дар истодааст. Ӯ хам шуда аз домани модарам гирифт.

  • Гулбарг, Худо шоҳид, ман акама ба хотири худат ба хона роҳ додам. Қасам ба сари фарзанди ягонаам дастамро нақапидаст, танҳо дарди дил карду ман гӯш додам, бовар кун, ба Худо рост мегӯям. - гуфт. Модарам говро аз дар берун карда, интизори подабон нашуд ва дарро ба рӯи Гулнисо пӯшид. Моҳҳо гузашту дигар бо ҳамсояи наваш рӯ ба рӯ нашуд. Як рӯз Сафари ошпаз гуфт, ки Гулнисо шӯ мекунад, ҳамон марди сарватманди ҳавохоҳаш ниҳоят дилашро ёфтааст.
    Сафар гуфт, ки Гулнисо дар фикри шӯ кардан набуд, аммо баъди ин ҳодиса ... маҷбур шуд.
    Бегоҳ модарам дари хонаи Гулнисоро куфт. Ӯ баъди чанде бо чашмони аз гиря варамида ба хона баргашт. Рӯзи дигар ба дугонаҳояш гуфт, ки беҳуда ба гапи Баҳригул бовар карду аз Гулнисо гумонбар шуд.
  • Баҳригул як кампири 90 сола аст, таваҳҳум дорад, шояд чизи нашуда дар назараш намудаст. Бечора Гулнисо маҷбур шуд, ба касе, ки дилаш намекашад, хонадор шавад. Гуфтам, накунад ин корро, гуфт, дер шудаст... Занҳо ба якдигар нигоҳ кардану сарҳояшонро поён андохтанд.
    Рӯзе ки дар кӯча тӯй шуду садои “барор-барор хушрӯра” танин андохт, занҳо аз хурсандӣ дойра заданду рақсиданд.
    Ончунон рақсиданд, ки чанг ба осмон хест. Домод он қадар мошину ҳофиз оварда буд, ки ангор ба духтари 18-сола издивоҷ мекунад. Модарам арӯсро худаш оро дод ва тоҷи нуқрагинро ба сараш гузошт.
пешина
аз 473
навбатӣ