ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Ту нархари беҳаё хоҳари маро бесоҳиб ёфтаӣ??? - гуфту борони ҳақоратро бар сари падарам рехт.
- Рав талоқашро бидеҳ, пагоҳ барояш шӯйи аз ту беҳтар меёбам. - гуфт. Падарам даҳон боз накард, тамоми ҳақоратҳоро бо сари хам шунид. Ҳатто сар набардошт.
Модарбузургам ҳоли зоре дошт. Дилаш ба писараш месӯхт, вале чизе намегуфт ва чун намозгузорони яҳудӣ дар ҷойи нишасташ меҷунбиду меҷунбид.
Тағоям бегоҳ модарамро бо хоҳаракам овард ва “касе, ки бояд аз ин хона биравад, ана ҳамин мардаки беномус аст”. - гуфту бо ҳамин рисолаташро анҷом дод. Модарам бо падарам қаҳрӣ шуд, кӯрпаву болишташро аз хонаи хоб берун андохт ва бо ӯ дар сари як дастархон наменишаст.
Вакили кӯчаи мо, ки исми кӯчакашро касе намедонист ва ҳама ӯро бо номи хонаводагиаш Собирова садо мекарданд, қаҳрамони ҷангу меҳнат ва шахси боэҳтироме буд.
Хоҳаронро дӯст намедошт. Ӯ шомгоҳ хона омад, худаш танҳо буд, падарамро мазаммат кард: “Ҳай-ҳай, аз ту ин корро интизор надоштам.” - гуфт.
Васвасаи ишқи Гулнисо барои падарам бисёр гарон афтод: як моҳ пояш аз идораи милиса канда набуд, аз ҳамсояҳо шарм медошт, аз хона намебаромад, модарам ба рӯяш нигоҳ намекард.
Модаркалони бечораам як ҳафта дар кӯча нишаста, ба тарафдории падарам аз ҳамсояҳои раҳгузар имзо ҷамъ мекард, то ӯро аз ҳизб хориҷ накунанд. Мегуфт кампирҳо дучори таваҳҳум шудаанд. Ё имзоҳо сабаб шуданд ё воқеан мақомдорҳо ба даъвои хоҳарон шак карданд, ки парванда баста шуд ва билети ҳизбии падарам дар ҷайбаш монд.
Дар ин муддат аз Гулнисо ҳам хабаре набуд. Кай кор мерафту кай бармегашт, касе намедид. Саги гӯшбуридааш ҳам садо баланд намекард, ҳайвони безабон хабар надошт, ки номи ӯ ҳам дар ҳодиса ҳамчун як саги фасодкор зикр мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор