Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Кампир азоб мекашад, осон аст, аз сари девори думетрӣ афтидан!? Аз ин дида мемурд беҳтар буд, ба умраш арча намондаст. - гуфт ӯ. Маълум намешуд, ки ин дилсӯзӣ буд ё баёни воқеият. Майрамбӣ аз ҷояш наҷумбида буд, ки Давлатбӣ омад, баъд Мавҷудаву Моҳпайкар ҳам расиданд ва гуфтанд, ки занҳои дигар дар роҳанд. Айвон пур шуд. Аз ҳама охир Майсара омад ва баъди шунидани хабари қабурғаҳои каҷшудаи Баҳригул, ба девор такя заду хобаш бурд. Занҳо мағз об мекарданд, ки кампир дар сари девори Гулнисо чӣ мекофт?
    Дар ҳадсу гумонзанӣ буданд, ки дар боз шуду кампири Ҷаҳонгул дар такяи асо, вакили гузар ва пулиси маҳаллӣ ҷузвдонаш дар зери бағалаш ба ҳавлӣ даромаданд. Ман чойники чойро ба гӯшаи дастархон гузоштаму ба берун гурехтам. Дигар чӣ шуду чӣ монд намедонам. Хоҳарам гуфт, ки вакилу пулис ба хонаи Гулнисо рафтанд ва таъкид карданд, ки падарам зуд худро ба идораи пулис расонад.
    Модарам аҷулона либосҳояшро ҷамъ мекард. Модарбузургам зорӣ дошт, ки “ӯ аз хари шайтон фарояд”. Занҳои ҳамсоя боақлӣ карданду хона ба хона шуданд. Хоҳарам гуфт, ки Баҳригул чанд рӯз ин ду нафарро аз сари девор поидаст ва шаби гузашта вақте падарам шеърхонон ба сӯи Гулнисо даст дароз кардаст, кампир “ҳой!” гуфта, хостаст онҳоро аз бадахлоқӣ боздорад, вале пояш ғеҷида сарозер шудаст.
    Модарам буғчаи либосҳояш ва хоҳари хурдиямро бардошту ба хонаи бародараш рафт, ки дар он тарафи роҳи калон зиндагӣ мекард.
    Падарам аз тағоям, ки ба ӯ ҳукми хусурро дошт, сахт метарсид ва сарзанишҳояшро бо сари хам фурӯ мебурд. Ӯ қариби шом ба хона баргашт, ранг дар рӯй надошт. Аз даъват шуданаш ба идораи милиса хабар надошт. Вале эҳтимол бозпурсии пулис барояш аз рӯ ба рӯ шудан бо тағоям, ки ду соат боз роҳашро мепоид осонтар буд. Тағоям охирин ҷуръаи чояшро нӯшиду пиёлаи холиро чапагардон кард ва бе ягон пешгуфтор ба ҳамла гузашт.
пешина
аз 473
навбатӣ