ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданДавоми ҳодиса мисли достонҳои ҷиноӣ буд. Падарам дав-давон худро ба хона зад.
Модарбузургам “а бача, касе мурд чӣ? Равен бинен чӣ шуд!?”- гуфт. Модарам ба кӯча давид. Се-чор ҳамсоя ҷамъ шуда, касе аз сари девор ба хонаи Баҳригул парид. Гуфтанд, ки кадоме аз хоҳарон аз сари девор афтидаву зинаи вазнин ба болояш чаппа шудаст.
- А бача, Баҳригул дар соати 4-и саҳар дар сари девор чӣ мекофтаст? - пурсид касе аз ҷамъшудаҳо
- Кӣ медонад, дар зеҳни ин кампирҳои давраи Николай чӣ мегузарад. -ҷавоб дод дигаре. Аз дохил садои Ҷаҳонгул меомад, ки “хоҳараме, хоҳарам мурд” - мегуфт.
То омадани мошини ёрии таъҷилӣ ҳамсояҳо Баҳригулро аз зери оворҳои рехта берун кашиданд. Ҳуш дар сар надошт, нолиш мекард. Духтурҳо ӯро бо занбар ба мошин бор карданд. Хоҳараш кастуми ордендорашро пӯшида, аз хона ба берун хазид. Ӯ бо ғазаб ба тарафи хонаи мо ва ба тарафи модараам нигоҳ карду ангушти таҳдидро боло бардошта, “Ман медонам, бо шумо чӣ кор кунам!” - гуфту бо кӯмаки ҳамсояҳо ба мошин нишаст. Ҳама ҳайрон ба якдигар нигоҳ мекарданд. Модарам нафаҳмид, ки аз девор афтидани Баҳригул ба ӯ чӣ рабт дорад. Модарбузургам дар рӯи ҷогаҳи хобаш шах шуда, бо нигоҳаш писарашро мекофт. Танҳо ман медонистам, ки он шаб чӣ иттифоқ афтод. Медонистам, ки баъди чанд соати дигар ин достон сақичи дахони ҳар хонадон мешавад.
Субҳ мошини раиси шаҳр Ҷаҳонгулро аз бемористон ба хона овард. Падарам саҳари муллоазон бесубҳона ба кор рафта буд. Ба кор? Дар рӯзи якшанбе? Кӣ бовар мекунад!
Модарам хотирпарешон буду модарбузургам дар интизори тӯфоне, ки худаш пешгӯӣ мекард. Майрамбӣ хабарҳои охирин дар нӯл давида омад. Гуфт, ки пойи Баҳригул аз ду ҷояш шикаста, чанд қабурғааш каҷ шудаст ва Худо медонад, ки устухонҳояш дубора пайванд шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор