ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Шояд хоби баде медид. Шабе аз шабҳо, ки домани сиёҳи осмон акнун бо ҳарири сапеди бомдод ҳамоиш меёфт ва дарахти себ меваҳои пухтаашро пушти ҳам ба замин парт мекард, ногаҳон суроби падарамро дидам, ки нӯг-нӯги по аз айвон берун шуд ва каме дуртар аз ман дар назди дарахти себ истод. Ӯ дар даст халтаи коғазӣ дошт ва себҳои беҳтаринро аз шоха мечиду дар он ҷо мекард. Хостам садо баланд кунам, аммо истиҳола кардам. Халта аз себ пур шуду падарам боз ҳам нӯг-нӯги по дарвозаро боз кард ва аз хона берун рафт. Нимхез шудам, то бубинам ки куҷо меравад.
Дидам, ки роҳро убур карду ба назди дари ҳамсояи нав рафт.
Дар бесадо ба рӯяш боз шуд. Аҷаб, чаро саги гӯшбурида, ки аз парвози гунҷишк дар осмон ва ҷунбиши мӯрча дар замин ба хашм меомад, садо намебаровард? Хоб аз чашмам парид.
Хоҳарамро бедор кардам, дар ҳоле ки забонам мепечид, гуфтам, ки падарам хонаи Гулнисо рафт. Ӯ чашмонашро боз кард, чанд бор миҷа зад ва сипас сарашро ба болишт гузошту хобид. Маро дигар хоб набурд. Падарам баъди як соат баргашт ва ба хонаи хобаш рафт. Андешаҳоямро садои зангӯлаи кокулҳои модарам парешон кард. Ӯ шим-шим мегуфту гов медӯшид. Аз дунё бехабар буд.
Надонистам, ин розро ба кӣ бигӯям. Гуфтам, шояд иштибоҳ фаҳмидам, чӣ бадӣ дорад, агар падарам субҳи содиқ ба ҳамсояи бешавҳар себ бубарад? Агар ҳарфи дигаре мебуд, Гулнисо магар модарамро хоҳарвор дӯст медошт?
Шаби дигар низ падарам бо халтаи себ ба хонаи Гулнисо рафт. Шаби сеюм низ. Ба худ мегуфтам, эй кош, ин себҳо зудтар ба замин мерехтанду мекафиданд, то падарам барои сафарҳои нимашабӣ баҳона наёбад!
Падарамро фаъоли комсомол фурӯхт.
Шабе аз шабҳо халтаи себ бо падарам боз ба хонаи Гулнисо рафт, аммо баъди чанд дақиқа фарёди ҷонкоҳи Баҳригул, яке аз хоҳарони фаъоли ҷамъиятӣ ва қаҳрамони меҳнат дар хомӯшии шаб ба осмон печид ва ҳамзамон бо ин фарёд чизи сангине ба замин бархӯрд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор