ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Бештар дар назди панҷара ва бо сӯзу гудоз мехонд: «Як гуле аз гулшани боғи ҷаҳон гум кардаам...». Ҳунарнамоӣ бо садои зинда дар назди панҷара низ ӯро қонеъ накард ва рӯзе бо дастгоҳи сабти савт баргашт. Ӯ акнун месуруду садои худро сабт мекард ва наворро дар ниҳояти баландии садо соатҳо гӯш мекард. Хоҳари ошиқам рубоиҳои ба шакли тӯморҳои секунҷаашро дар таги қолин мегузошту падарам фиттаҳои сабткардаашро дар ҷевонаш.
Баъд ҳодисае шуд, ки ман нагӯяму шумо нашнавед.
Аввали тобистон буду ману хоҳарам рӯйи суфаи ҳавлӣ мехобидем. Шабона себи пешпазак тап-тап ба замин мефтоду бедорамон мекард. Мо сар ба зери кӯрпа мекардем ва дар ҳавои салқин бо ҳаври нафасҳои якдигар гарм мешудему хобамон мебурд ва хобҳои ширин медидем. Маро саҳар зангӯлаи кокулҳои модарам ва шир-шири ба сатил рехтани шири модаговамон бедор мекард. Модарам он модаговро, ки худаш аз хурдӣ бузургаш карда буд, чун хоҳараш дӯст медошт ва ӯро хору мол мекарду бо ӯ ҳарф мезад. Гов ҳам ба ин ишқ бо муҳаббати бузургтар посух мегуфт ва касеро ба ҷуз модарам ба пистонҳояш роҳ намедод. Модарам сол дар миён бача мезоид ва дар набуданаш зани ҳамсоя куртаи модарамро ба бар мекард, сару рӯяшро бо рӯймол мепӯшонд то гов ӯро модарам пиндорад. Модагов гӯё чизеро пай мебурд, чашмонаш ало мешуд, аммо баъд бӯи модарамро мешамиду ором мегирифт ва пистонҳошро ба зани ҳамсоя боз мекард.
Хоби ман мисли хоби заргӯш буд, камтарин садо бедорам мекард. Баъд то рӯз тоб мехӯрдаму хоби гурехтаамро мекофтам. Хаёлам маро ба кимкуҷоҳо мебурд: аз кӯчаи худамон ба кӯчаи ҳамсоя, аз он ҷо ба кӯчаи калон ва ба даште, ки дар он ҷо шоҳзодаи афсонавӣ бо аспи сафедаш маҳмез мезад ва арӯси орзуҳояшро меҷӯст. Кадом шоҳзода, кадом дашт, бихоб девона!?, мегуфтам бо худ ва аз ин хаёлбофиҳо хандаам меомад. Хоҳари ошиқам, ки шоҳзодаи воқеияш се хона аз мо дуртар мезист, дар хоби ноз буд ва гоҳгоҳ дандон мехоид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор