ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Мо кӣ будани Фиръавнро намедонистем, падарам дар зеҳни мо Фиръавнеро эҷод карда буд, ки ландаҳур буд, танҳо мехӯрду мехуспид, дуруст мисли мо. Падарам ҳамеша сахтгир набуд, гоҳ-гоҳ меҳрубон мешуд. Ману хоҳарҳоямро навозиш мекарду ба канор мегирифт ва «духтарҳои нозанини ман» мегуфт. Мо шод мешудем, аз меҳрубониҳояш об мешудем, аммо худро каме канор мекашидем, то нафаҳмад, ки пеши барамон баланд шудааст. Ман 14-сола будаму хоҳарам ду сол аз ман бузургтар.
Рӯзҳои охир ӯ зуд-зуд ба назди панҷараи меҳмонхона мерафт ва соатҳо аз хонаи Гулнисо чашм намеканд.
Панҷараҳои мо барои тамошои кӯча дидбонгоҳи хубе буданд.
Хоҳари бузургам, ки акнун аломатҳои балоғат хату холи наврасиро аз чеҳрааш мезудуд, соатҳо дар ин дидбонгоҳ гузаштани бачаи ҳамсояро интизор мешуд. Ӯ хаёл мекард, ки асрорашро ба ҷуз худаш касе намедонад, аммо ман медонистам, фақат ба рӯяш намекашидам. Хоҳарам мусиқӣ гӯш мекарду оҳ макашид. Бачаи ҳамсоя мегузашту ба ӯ нимнигоҳе намекард. Шояд дар гӯшаш мусиқие садо медод, ки бо оҳангҳои хоҳари ман ҳамсадо набуд. Хоҳарам рубоиҳои китоби фолклорро ба варақҳо мекӯчонду мисли тӯмор секунҷа мекард ва шояд мехост ба он бача бифиристад, аммо ҷуръат надошт. Ӯ аввалин лагадҳои ишқи беҷавобро мехӯрд.
Падари сахтгири ман, ки бо фарзандонаш чун фармондеҳи артиш бо сарбозонаи тозадаъват бархӯрд мекард, ногаҳон нарму хаёлӣ шуд ва ба мисли хоҳарам панҷараи дигари хонаро “иҷора” гирифт. Ӯ ҳамеша хушлибос буд, аммо ҳоло бештар ба худаш мерасид, атр мезаду ба мӯйҳои хурмоирангаш равғани хушбуй мемолид. Рӯҳаш болида буд ва зери лаб тарона замзама мекард. Рӯзе аз кор бо як рубоб баргашт, онро соатҳо ҷӯр кард, баъд садои сурудхониаш аз меҳмонхон баланд шуд. Бечора садои хубе ҳам надошт.
Сурудаҳои Одина Ҳошимро мехонд. Гӯё хониши Одина ӯро қонеъ намекард, ки таронаҳоро бо сабки худаш месуруд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор