ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданПадарам давдавон амри модарамро иҷро мекард.
- Э Гулбарг, кадом рӯзе аз ин дилсӯзиҳот шаттаи сахт мехӯрӣ, ман гуфтаму ту шунидӣ! - бо сарзаниш мегуфт модарбузургам. Бадии кор дар ин буд, ки пешгӯиҳояш ҳамеша рост мебаромаданд, кампир келинашро хеле хуб омӯхта буд.
Дӯстии модарам бо ҳамсояи нав аз ҳама бештар ба қадимтарин бошандагони кӯчаи мо – Ҷаҳонгулу Баҳригул, ки хонааашонро аз ҳавлии Гулнисо як девори куҳна ҷудо мекард, хуш наомад.
Хоҳарон аз комсомолҳои замони барқарорсозии ҳокимияти Шӯравӣ буданду аз солмандӣ шабеҳи ҷасадҳои мумиёишудани фиръавнҳои Мисри қадим, ҳатто мижа намезаданд. Гоҳ модарам ғизои хушмаззае мепухуту мегуфт, ки ба он ду хоҳар бидиҳам. Як соат мегузашт, то дар кушода шавад. Онҳо фарзанд надоштанд, аз рӯи гапи худашон пушташон тахти арӯсиро надидааст. Кадом хеши дурашон гоҳ-гоҳ аз ҳолашон хабар мегирифт. Хоҳарон бо ифтихор мегуфтанд, ки хизмати ҳизбро аз издивоҷу бача авлотар медонистанд ва бо аспу қамчин деҳа ба деҳа гашта, сохти шӯравиро тарғиб мекарданд. Акнун ҳизб онҳоро муҳтарам медошт ва имтиёз медод. Соле чанд дафъа мақомоти маҳаллӣ хоҳаронро бо ордену медалҳояшон ба маъракаҳои сиёсӣ мебурданду дар минбар менишонданд ва баъд бо туҳфаву орденҳои нав ба хона меоварданд. Ордену медалҳои онҳо аз мӯи сарашон зиёд буд. Аз барқароршавии Шӯравӣ ҳафт даҳсола мегузашт, аммо орденҳо ҳамоно меомаданду меомаданд. Бо касе рафтуомад надоштанд, дар худ мезистанд, модарамро дӯст медоштанд, аз падарам хушашон намеомад.
Падарам марде буд қоматбаланду хушқиёфа ва камгап, аммо ҳайбат дошт. Агар саҳар садояш баланд мешуд, мо аз ҷогаҳи хоб чун тир аз камон берун меҷаҳидем. Ӯ мегуфт: - Ин чӣ гап аст, ки мисли Фиръавн то ними рӯз мехобед!?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор