ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданМисли як мушт пари қӯ, гӯё роҳ намерафт, шино мекард.
- Пушти фарзанди маро гарм мекунӣ, худо пуштатро гарм кунад, - гуфт. Кампир аз ҳарду бари рӯи Фаришта бӯсид.
Арӯсро ба як ҳуҷраи бузурги муҷаллал бурданд, ки дастархони шоҳона дошт ва аз ҳама боло рӯи ҳафт қабат кӯрпача ҳамон мӯйсафеди сӯфинамо менишаст. Ӯ бо сари хам тасбеҳ мегардонду лабонаш бесадо меҷумбиданд. Аз тарафи рости ӯ соҳибхона, ҳамон марди хушлибос ва аз тарафи чапаш домод бо сари хам менишаст. - Ба меҳмон аввал ғизо надодед, баъд даст ба кор шавед?
- норозиёна гуфт мӯйсафед ба соҳибхона, ки Фариштаро бағал карда ба хона даровард.
- Шаб дароз аст, амак, гуфтем, аввал кори хайр анҷом шавад баъд истироҳат кунанд. Аз калимаи истироҳат, ки феълаш шакли ҷамъ дошт, ба бадани духтар рашъа дамид. - Натарс ҷонам, ҳар чӣ ту бихоҳӣ, ҳамон мешавад, - гуфт меҳрубонона зани соҳибхона, ки ларзиши тани Фариштаро эҳсос мекард.
- Наздиктар биё духтарам, он ҷо бишин, - мӯйсафеди сӯфинамо, ки эҳтимол дар ин хонадон як ҳарфи ӯро касе ду намекунад, ба паҳлуи домод ишора кард. Фаришта аз ҷой наҷумбид, пойҳояш шах шуданд, баданашро арақи сард пахш кард. Соҳибхона камари ӯро оҳиста фишор дода, бо ишораи сар“пеш гузар” гуфт.
- Биё бишин духтарам, овози пиракии сӯфинамо ин дафъа қотеона садо дод. Духтар дар оғӯши зани соҳибхона пояш дар кӯрпачаҳо печидаву тоб хурда то паҳлуи домод расид. Зан домани куртаи ӯро поён кашиду омирона гуфт:
- Бишин!
Фаришта пушт ба домод рӯи кӯрпача нишаст. Кампири сафедпӯш, ки ин саҳнаро аз дур мушоҳида мекард, аз ҷояш бархосту бо қадамҳои чун пари қӯ сабук ба назди духтар омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё