Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Келин, шумо ҷиҳози никоҳро биёред, ман худам дар паҳлуи арӯсам мешинам, - гуфт ва оҳиставу мулоим дар пахлуи духтар нишаст. Дасти ӯро модарвор навозиш кард ва бо садои паст, ки танҳо духтар мешунид гуфт.
  • Дилат дур наравад, писари ман каме одамгурез аст, аммо дили нарму зебо дорад, сарнавишташ ба ту кашида будаст, иншоаллоҳ бо ҳам хушбахт мешавед.
    Ин дам мӯйсафед бо садои баланд ба қироати хутбаи никоҳ оғоз кард ва аввал рӯ ба ҷавон овард.
  • Рашид писари Ҳомид дар шоҳидии ду нафар Фаришта духтари Сафарро ба занӣ қабул мекунӣ? Домод хомӯш буд.
    Мӯйсафед суолашро боз такрор кард, домод садо набаровард.
    Духтар на он рӯз дар меҳмонхонаи падараш ва на имрӯз, дар роҳи сафари чандсоата садои ӯро нашунид, домод ҳамеша сокит буд, гӯё забон надошт. Мӯйсафеди сӯфинамо ин дафъа бо асабоният пурсид:
  • Писарам ин арӯсро мехоҳӣ ё не, маҷбурӣ нест, нахоҳӣ, аз ҳамин ҳоло бигӯ! - гуфт ӯ.
    Ҳуҷраро хомӯшӣ фаро гирифт. Фаришта ба худ гуфт, агар домод никоҳро рад кунад, ӯ бо мошини роҳ худро ба хонаи холааш мерасонад ва ҷонаш халос мешавад. Холааш гуфта буд, ки ӯро дар ширкати қаннодиаш ба кор мегирад ва санадҳояшро барои хондан ба бахши ғоибонаи донишгоҳ месупорад.
  • Эй кош “не” мегуфт!
     Писарам, ман ҳавсалаи то саҳар ин ҷо нишастан надорам… - мӯйсафед ҷумлаашро то охир нарасонда гуфта буд, ки домод “бале қабул мекунам”- гуфт.
    Мӯйсафед қонеъ нашуд.
  • Бигӯ хостам ва қабулаш кардам. Домод ҳарфи мӯйсафедро такрор кард.
  • Боракалло, - гуфт пиракии сӯфинамо.
    Баъди розигии домод ӯ як лаҳза ҳам манъ нашуд ва рӯ ба духтар овард - Фаришта духтари Сафар тану нафси худро ба Рашид писари Ҳомид бахшидӣ?
пешина
аз 473
навбатӣ