Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ниҳоят ба шаҳре расиданд, ки кӯчаҳояш аз рӯшноии чароғҳо мисли сандуқи ҷавоҳирот ҷило медод.
Чанд кӯчаву паскӯчаро гузаштанд ва ниҳоят мошин дар назди дарвозаи оҳании як хонаи барҳаво, ки тамоми чароғҳояш рушан буд ва аз дохил садои пою ба ҳам задани косаву табақ ба гӯш мерасид, манъ шуд. Ронанда буғ назад, бо телефон ба касе гуфт:

  • Мо расидем.
    Баъди чанд лаҳза дари калон боз шуд ва мошин бо домоду арӯс ба роҳрави бузурги ҳавлии барҳаво даромад.
    Ҳавлии ба ин бузургиро духтар бори аввал медид, аз ду тараф хонаҳои баланди ду ё сеошёна қад кашида ва дар гӯшае ҳам хонаҳои замонавии якқабата ҷойгир буд, ки шояд ошхона ва ганҷурхона буданд. Манзил зоҳиран ба ҳамон марди хушлибоси ҳавобаланд таалуқ дошт.
    Зани миёнқади сергӯшт, ки дар даст як порча матои муҷаллал дошт чолокона аз зинаҳои бинои дасти чап поён шуду дар назди мошин, ҷойе, ки арӯсу домод нишаста буданд, пойандоз партофт. Фаришта дастпоча шуд, ӯ мехост ба хонае биравад, ки дар он ҷуз домоди пир касе набошад ва қиссаи пирдухтару домоди пир байни ҳарду бимонад. Аммо ин хона пур аз одам буд, даҳ дувоздаҳ нафар пиру ҷавон “инро бигир, инро биёр” доштанд. Аз панҷараи боз садои гиряи кӯдак ба гӯш мерасид. Зани миёнқад, ки эҳтимол руймол бастанро балад набуд ва гесувони кӯтоҳашро дам ба дам ба даруни рӯймоли кӯчакаш тела медод, дари мошинро боз карду “хуш омадӣ келин, қадамҳоят болои дида”-гуфт ва аз дасти Фариштаро гирифта ӯро аз мошин берун овард.
    Қомати соҳибхона то китфҳои Фаришта мерасид ва ӯ бо нӯки по баланд шуда аз ҷабини арӯс бӯсид. Ба думболи ӯ ду духтари ҷавон бо навбат арӯсро ба оғӯш кашиданд. Онҳо либосҳои замонавӣ доштанд ва бӯи атрашон одамро маст мекард. Аз ҳама охир пиразани сафедпӯши лоғарак ба истиқболи арӯс омад, ки чеҳрааш ҳам сафед буд ва мӯйҳояш ҳам.
пешина
аз 473
навбатӣ