Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баробари тоб хӯрдани калиди мошин садои мусиқӣ баланд шуд ва овозхоне бо садои ҳазин “Ҷонам ба лаб омад, аҷаб сабре ту дорӣ, ман, ки мурдам, пероҳанамро пора кун, ман бӯе аз Юсуф набурдам”- мехонд. Ҷавон ин таронаро аз ёд медонист, ки гоҳ-гоҳ бо овозхон ҳамовоз мешуд ва бо ангушт дар чамбари мошин доира мезад. Мошинаш бӯи атру ишқу ҷавонӣ медод. Арӯсу домод мисли ду мусофири тасодуфии мошини роҳ аз якдигар рӯ тофта, ба панҷараи тира чашм медӯхтанд, ки дар он ҷуз чеҳраи худи онҳо чизе наменамуд. Ҷавони хушандом, ки аз шеваи рафтор ва тарзи озодонаи гуфтораш эҳтимол писари ҳамон марди ҳавобаланд буд, бо суръати баланд мошин меронд ва гоҳ-гоҳ аз оина ба домоду арӯс нигоҳ мекарду лабханд мезад. Мошин аз ноҳияе, ки духтар анқариб сӣ соли умрашро дар он ҷо гузаронд, дур мешуд, кӯчаҳои шиносро растаҳои ношинос ва хонаҳои пастаки музофотиро сохтмонҳои барҳавои мардуми шаҳрнишин иваз мекард. Духтар дар тамоми умр, ба ҷуз як сафари кӯтоҳ ба хонаи холааш, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунад, аз зодгоҳаш берун нарафтааст. Хонаи хоҳаронаш дар деҳкадаҳои канори ноҳия аст, ки агар танбалӣ накуни пойи пиёда ҳам ба онҳо мерасӣ. Ӯ ҳоло намедонист, ки домод аз куҷо аст ва ӯро ба куҷо мебаранд. Модар ёдаш омаду дилаш фишурда шуд, оҳи бадарде кашид.

  • Янга оҳангҳои ман писанд наомад? Ягон овозхони дӯстдошта доред, бигӯед, таронаашро аз интернет пайдо кунам.
    Фаришта ҳавсалаи суҳбат надошт, аммо дилаш нашуд ба ҷавони меҳрубон нописандӣ кунад.
  • Ташаккур, мусиқиҳои шумо хубанд, -гуфт. Ҷавон ба қафо нигоҳ кард ва хост аз амакаш чизе пурсад, аммо чашмони ӯро баста диду аз фикраш гашт.
    Боқии роҳро бо таронаҳои гоҳ ғамангезу гоҳ шод сипарӣ карданд. Роҳи дарозе буд, мошин гоҳ аз мавзеҳои чароғон ва гоҳ аз торикистон мегузашт. Ақрабаки соат 12:59-ро нишон медод.
пешина
аз 473
навбатӣ