Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо гоҳ дар ин гӯшаи кӯча туп мезаданд]h дар гӯшаи дигар. Аз пеши ҳавлии Гулнисо мегузаштанду гашташон суст мешуд, гуё мехостанд ин порчаи роҳ ҳаргиз тамом нашавад. Дар ин миён танҳо касе, ки дар сабқати дилёбӣ иштирок накард, Сафари ошпаз буд. Мардҳои кӯча бо Сафар шину хез доштанд, вале дар асл дилашон аз ӯ дур мерафту бо ҳам гӯшона мезаданд, ки ӯ “наромода” аст. Сафар аз мардҳо дида бештар бо занҳо хайл мегирифт. Бо онҳо дар бораи хариди пероҳани наваш ё ғизои шаб пухтааш суҳбат мекард, дастак мезаду абрӯ мепарронд. Занҳо ҳам аз ӯ истиҳола намекарданд, мисли дугонаашон буд. Сафар ба модарам гуфт, ки дар бораи ҳамсояи нав як чизҳое медонад ва гӯё як одами серпул хушдораш шудааст, аммо Гулнисо розӣ нест.
Модарбузурги ман дарди по дошт ва зиёд ҳаракат намекард. Мо баъзан ӯро ба кӯча мебаровардем, то устухонҳояш дар офтоб гарм шаванд. Дар ин охирҳо ӯ бештар ҳавасманди кӯчабароӣ буд. Дар такяи болишти нарм бо чашмони нимпӯш рӯ офтоб менишаст. Ҳама фикр мекарданд, ки кампир хоб аст. Танҳо мо медонистем, ки модарбузурги кунҷковамон бе дурбин ҳамаро мебинад. Ӯ баъди ду-се рӯзи кӯчанишинӣ ба модарам гуфт, ки Гулнисо дар зоҳир сабукрафтор метобад, аммо дар асл ягон мард ҳад надорад ба погаҳи дараш қадам гузорад. Падарам дар рӯи ҳавлӣ ба коре машғул буд, вале бо шунидани исми Гулнисо аз ҳаракат монд ва баъдан, гӯё иттифоқӣ дар назди модараму модарбузургам зоҳир шуд. Кампир пинҳон аз назари модарам писарашро песонд. Кӣ мегӯяд, ки солмандҳо камақлу фаромӯшхотир мешаванд? Модарбузурги 85-солаи ман он қадар пухтаву доно буд, ки ҳатто дар ҳамин синну сол метавонист дар бахши истихбороти артиш кор кунад.
Саги сафеди Гулнисо рӯз то рӯз хашмгинтар мешуд.

Тавзеҳ: дар гўишҳои тоҷикони ҷанубу шарқи Тоҷикистон таъбири «туп задан» маънои дар як ҷо ҷамъ омаданро медиҳад.

пешина
аз 473
навбатӣ