Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Аҷаб саҳназеб аст! Мо занҳоро афсун кард, вой бар ҳоли мардҳо!” - гуфт зани Сафоли мӯзадӯз ва бо ин ба оташи ҳасади дугонаҳояш, як дарза ҳезуми қоқ партофт.
    Чанде аз мардҳо бе даъват ба саҳна баромаданду дар гирди Гулнисо парвона шуданд. Яке аз онҳо, ки эҳтимол ширакайф буд, пеши пойи ӯ ба зону зада, синакӯбӣ кард.
    Мардҳои дигар он фидоиро зуд аз саҳна берун бурданд. Ду-се боҷуръат ба нӯги руймоли Гулнисо пул бастанд ва бо ӯ рақсиданд. Ин дам Бозоралии “магазинчӣ” – ҳамсояи панҷ шаш хона аз мо дуртар, дарзаи пулро ба сари Гулнисо пошид ва сару садо ва ҳуштаккашӣ ба осмон печид. Бачаҳо аз зери қадамҳои Гулнисо пул мекашиданд. Ӯ мерақсиду бо ноз тоб мехӯрд ва чеҳраи арақкардааш барқ мезад. Чашмонаш кони шарора буданд. Он шаб шояд ними мардҳо ба ӯ ошиқ шуданд ва бо хаёли ӯ, вале бо чашмони пӯшида занҳои худро бӯсиданд.
    Рӯзи дигар дар тамоми кӯча гапи Гулнисо буду девонагии мардҳо дар шаби тӯй. Зани Бозоралӣ саҳари рӯз хона ба хона гашту зорӣ кард, ки пулҳоро баргардонанд, зеро даромади якрӯзаи мағоза будаанд. Модари ман ором буд. Ӯ ба ин ғайбатҳо ҳамроҳ намешуд, ангор, рақсу пулпартоӣ ва ба зону задани мардҳо дар пеши пойи як зан кирои гап надошт. Танҳо модарбузургам андешамандона гуфт: “Худо оқибати ин занро бахайр кунад”.
    Ҳамсояи нав мардҳои моро афсун кард. Роҳи хонаи Гулнисо барои онҳо мисли зиёратгоҳ муқаддас шуд. Саҳару бегоҳ, беҳудаю баҳуда аз пеши хонаааш мегузаштанд. Мисли сарбоз дар гашти низомӣ баробари наздик шудан ба хонаи Гулнисо сарҳояшон сареъ ба самти чап тоб мехӯрд. Ӯ мардҳоро бебанд дар назди хонааш тавила мекард.
    Дар кӯчаи мо акнун, гӯё баҳор шукуфта буд. Мардҳои якбора хушлибос шуданду муйҳояшон дигар ягон тори сафед надошт.
пешина
аз 473
навбатӣ