Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оби чашмаш сурхиву сурмаашро батамом мешуст, оби димоғаш манъ намешуд.
Аммо касе парвои арӯсро надошт. Гӯё ин саҳна ҳам дар баробари кӯрбазм як бахши барномаи тӯёна буд.
Модарбузургам мегуфт, ки арӯс бояд гиря кунад, гиряи арӯс аломати шарму ҳаё аст. Дар тӯйҳои кӯчаи мо баъзе арӯсҳо аз гиря ҳатто беҳуш мешуданд, ки он шояд аз назари модарбузургам баландтарин нуқтаи шарму ҳаё буд.
Ҳоло ҳам наздик буд, ки духтари Мавҷуда аз ҳуш равад.
Дугонааш дам ба дам ӯро шамол медод. Домод, ҳамон тавре ки як мусофири автобус ба ҳампаҳлуи ношиноси худ нигоҳ мекунад, ба сӯи арӯс нигоҳе афканду бо шаҳбачаҳои бараш чақ-чақро идома дод. Овозхон чорзарбро ҷӯр карда, пушти сари ҳам таронаҳои рақсӣ мехонд. Марду зан ҳама дасту поча мезаданду мерақсиданд. Чанг ба осмон мехест.
Кадоме аз занҳо ҳамсояи навро ба рақс кашид. Ӯ он шаб дар тан пероҳани сабз ва дар сар рӯймоли ҷопонии сергул дошт. Хонуми сабзе буд. Мисли занҳои дигар ноз накард, бо карашма ба саҳна баромад ва бо як табассуми ошиқкуш радаи дандонҳои сафедашро намоиш дод. Чунон рақсид, чунон нозу карашма кард, ки мардҳо об шуданду рехтанд ва занҳо аз ҳасад ба худ печиданд.

  • Аҷаб беваи бешарм будаст. О, мурдани шавҳарашро як сол нашудаст, тавба! - гуфт Майрамбӣ, ки ба раққосаву овохон мардум ҳассосият дошт.
  • Ғайбат чӣ даркор, мумкин ӯ ғами дилшро бо рақс мебарорад! - тарафгирӣ кард ҳамсояи дигар.
  • Майрамбӣ рост мегӯяд, як бор чашми мардҳоро бин, ҳичи нагӯӣ, ҳозир хомталошаш мекунанд!
    Гулнисо на аз ғайбати занҳо парво дошт ва на аз тирандозии чашмони мардҳо. Ё шояд баъди мурдани шавҳараш ба ин ҳолатҳо одат карда буд. “Зани бешавҳар мисли деги бесарпӯш аст, ҳар чи ба дарунаш меафтад.” - мегуфт модарбузургам, ки аввали гапу охири гапаш матал дошт.
пешина
аз 473
навбатӣ