ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Модарбузургам боре гуфт, ки мардҳои кӯча чанд дафъа ба назди ӯ “делегат” фиристоданд, фоида накард, аз паси ҳамон занак тӯй ба тӯю консерт ба консерт мегашт. Дигар наомад. Майрамбӣ дар ду сол гандапир шуд.
Мардҳои кӯчаи мо на ҷавон буданд на пир, ангор, умрашон дар як марҳилаи зиндагӣ манъ шуда буд. Бо муйҳои сиёҳу аҳён-аҳён сафед шӯълаи ҷавонӣ ҳанӯз ҳам дар чашмонашон забона мезад. Бачаи бисёр доштанд, мисли Алӯлаку Булӯлак ва зиндагии хонводагиашон якранг буд, имрӯзашон аз дирӯз фарқ намекард. Мардҳо дар авҷи камолоти ҷисмонӣ, вале занҳо хаставу лакот буданд. Онҳо аз субҳ то дили шаб мешустанду мепухтанд ва шабона нимҷон то тахти хоб мехазиданд. Мардҳо баъзе саҳаргоҳ бо сари хаму чеҳраи гирифта ҷодаро убур мекарданд, мегуфтӣ, бо одаму олам қаҳрӣ буданд.
- Ҳамсоя ба мавқеъ расидӣ. Ҳафтаи дигар Мавҷуда тӯй дорад, духтарашро мебарорад. Ту ҳам биё, дилат кушода мешавад. - гуфт модарам ба Гулнисо. Чеҳраи Гулнисо аз шодӣ шукуфт.
Тӯйю маърака барои занҳои кӯчаи мо, ки дуртар аз ин шаҳри кӯчак ҷойеро намедиданд ва ба театру синамо ҳам намерафтанд, ягона имкони тафреҳ буд. Занҳо як ҳафта пеш нақша мекашиданд, ки чӣ бипӯшанд ва худро чӣ гуна оро диҳанд. Дар байни занҳо Ҳуснигул сарбофи моҳир буд ва торсарии занҳоро бурёбофӣ мекарад. Кори дасташ ҳарф надошт. Эътибори ӯ пеш аз туйи духтари Мавҷуда даҳчанд меафзуд. Занҳо бо шонаву кокулҳои муҳрадор ба хонаи ӯ мешитофтанд ва барои зебо шудан навбат мегирифтанд.
Шаби туй хурду калон ҳама мерақсид, садои мусиқиву ҳуштаккашӣ ба осмон мерасид. Арӯсу домодро бо шеваи “комсомолӣ” пушти миз нишонданд. Қолини пушти сари онҳо бо навиштаҷоти “Хуш омадед” ҳамаро ба дилхушӣ даъват мекард. Арӯс мегиристу мегирист, ангор, ӯро на ба хонаи бахт, балки ба куштан мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор