ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Дар бисоташ як бача дорад.
Додаршӯяш ин хонаро ба ҳурмати арвоҳи бародараш харид, то янгаи бевамондааш дар ба дар нашавад. Гулнисо ном дорад ва дар кадом тарабхона ошпазӣ мекунад. Модарам дар хулосаи ин достони ғамангез эълон кард, ки фардо ҳамсояи навро бо занҳои дигар ба меҳмонӣ мехонад.
Хабари муҷаррад будани ҳамсояи нав бо суръати нур дар кӯчаамон паҳн шуд ва дар дили занҳое, ки “лагом”-и шавҳарҳои занакбози худро басахтӣ мекашиданд, алов андохт. Онҳо модарҳое хубе буданд ва ҳамсарҳои хидматгору ҷоннисор, вале зоймонҳои сол дар миён чеҳраашонро бенур мекарду синнашонро аз будаш бештар нишон медод.
Либосҳои хуб ҳам надоштанд ва агар ба маъракае мерафтанд, куртаҳои якдигарро мепӯшиданд. Гоҳо медиданд, ки чӣ тавр чашмони мардҳояшон бо дидани занҳои ҷавон ба бозӣ медаромад ва хоҳишҳои пинҳонашон дар сураташон зоҳир мешуд.
Меҳмонии рӯзи дигар, мисли нишастҳои пештара шӯру ғавғои “боғи зоғон”-ро надошт. Занҳо камгап буданд, фуртфурт чойро дам мекашиданду бо қираи чашм ҳамсояи навро меомӯхтанд. Гулнисо воқеан ширинрӯву ширингуфтор буд ва хандааш чун зангӯла садо медод. Ӯ достони зиндагиашро, аз рӯзи издивоҷ то бемории тӯлонӣ ва мурдани ҳамсараш тавре ба занҳо ҳикоят менамуд, ки гӯё на зиндагии худ, балки порчаи филми кайҳо дидаашро нақл мекард. Модарам ҳар сухани Гулнисоро бо сарҷунбонӣ тасдиқ мекард, гӯё тамоми умр дугонааш буд. Бечора мехост дар дили ҳамсояҳо нисбат ба ӯ тараҳҳумро бедор кунад. Ҳамсояи дасти рости мо Майрамбӣ каме афсӯс хӯрду бо киноя гуфт, ки зиндаҳо умрашонро мебинанд, мехӯранду механдад, войи ҷони мурда, ки дар зери хок мепӯсад.
Шавҳари Майрамбӣ аз мардҳои пулдори кӯчаи мо буд. Ӯ соле, ки Майрамбӣ бачаи яксола дар сари даст дошт, ба як овозхони маҳаллӣ ошиқ шуду аз баҳри пулу молаш гузашт ва бо як пероҳан аз хона бадар рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор