Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте механдид, радаи дандонҳои сафедаш аз байни лабони пуррааш чун садафи дарёӣ медурахшиданд. Чоқ буд, аммо қомати баландаш фарбеҳияшро мепӯшонд ва куртаи начандон кушодаш зебогии ҳайкалашро намоиш медод. Чашмони шарарборе дошт, ки мислашро дар занҳои кӯчаамон надида будам.
Чеҳрааш аз ин шарораҳо барқ мезад. Мегуфтӣ, аз сураташ чашм наканӣ. Ба гуфтаи модарбузургам, сабзинаи ситорагарм буд.
Тамоми он шаб чароғи хонааш рӯшан буду аз он ҷо садоҳои “бигиру бимон” ба гӯш мерасид. Саҳар, вақте модарам говро ҷӯшиду шохашро аз банд раҳо кард ва ба дасти подабон супурд, бо ҳамсояи нав, ки пеши хонаашро ҷорӯб мезад, шинос шуд. Сипас, зуд омаду ширу нону равған гирифт ва ба хонаи ҳамсоя рафт. Модарбузурги бедандонам, ки як дона мавизро аз саҳар боз дар даҳонаш тоб медод, пичинг паронд:
 Акнун ин занака Худо дод, дигар дар хона намешинад.
Ӯ модаршӯи бад набуд, келинашро чун духтари худаш дӯст медошт, аммо содагии модарам асабониаш мекард.
Модарам бо дили нарму ашкҳои сари остинаш кони эҳсос буд, ба ҳама чиз мегирист. Ҳафт бача зоида, ба гуфтаи худаш ҳафт бор мурдаву дубора зинда шуда буд, аммо тоби дарди зоймони говашро надошт. То аз шиками модагов берун шудани гӯсола сипанд дуд мекарду мегирист ва ҷойи нишаст намеёфт. Мегуфт, мо он илтиҷоеро, ки ӯ дар чашмони модагов мебинад, намебинем. Тамошои филмҳои ғамангез бо модарам як маҳшар буд! Он қадар мегирист, ки мегуфтӣ, дар сараш об намемонд. Падарам мегуфт, ки модарам ашкро беқадр кардааст.
Он саҳар ӯ аз хонаи ҳамсоя бо чашмони маҳзун баргашт, пушти лабаш мепарид. Ин аломате буд, ки мо бояд ба шунидаи як достони ғамангез омода шавем. Як оҳи амиқ кашиду қиссаро аз ин шурӯъ кард, ки ҳамсояи нав як зани бадбахти шавҳармурда аст.

пешина
аз 473
навбатӣ