Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бори зиёд надошт, тамоми асбобу анҷомаш дар як мошин меғунҷид.
Ман ҳам бастаеро аз мошин бардоштаму ба думболи онҳо рафтам.
Ин ҳавлӣ бо боғчаи замоне сабзу хуррамаш ҷойи дугонабозии ман бо духтараки тотор буд, ки рӯзе ҳамроҳи хонаводааш бе бору банд ва танҳо бо чанд ҷомадон ба Қазон кӯчид. Ман он Қазонро, ки боиси ҷудоӣ бо дугонаи даврони кӯдакиву наврасиам шуда буд, бад дидам. Модараш рӯзи сафар дастонашро ба гардани модари ман ҳалқа карду “нону намакатро бубахш” гуфт. Ҳамаи занҳои ҳамсоя гиристанд, мисли он ки аз хоҳарашон ҷудо мешуданд. Модарам як ҳафта аз хобу ғизо монд. Дугонаи ҷониам баъди рафтанаш ҳар ҳафта нома менавишту мегуфт, ки барояш дар мактуб барги гул бифристам. Мегуфт, ки кӯчаамонро ёд кардааст. Баъдан номаҳо камтар шуданд, шояд ба ватани бобоияш одат кард ё дугонаи нав ёфт.
Бошандагони кӯчаи мо солҳо паҳлуи ҳам мезистанд ва ба мисли чанорҳои канори ҷода решапайванд буданд. Шодии яке, шодии ҳама буд, мотами яке андуҳи ҳар хонадон. Занҳо дар ин ҷо тифлакони якдигарро сина медоданд ва онҳоро бародару хоҳарҳои ширхӯрда мекарданд. Даҳсолаҳо боз аз ин ҷо касе кӯч набаста ва касе ҳам кӯч наоварда буд. Ин аст, ки хабари омадани соҳибхонаи нав зуд ба атроф паҳн шуд ва занҳои ҳамсоя як-як аз дарвозаҳои худ калла кашиданд.
Ҳатто Майсара, ки аз пастии фишори хун доим дар такяи девор хобаш мебурд ва бисёр вақт аз ғайбату гапу хабари кӯча бехабар мемонд, он рӯз бо кунҷковие, ки хоси ӯ набуд, оҳиста ба ронанда наздик шуд ва пурсид:

  • Ин занак мардина надорад?
    Ҳамсояи нав дар нигоҳи аввал паричеҳра набуд, балки як зани сиёҳҷурдае буд, ки дар сураташ чанд хол дошт. Пӯсташ махмалин буду ҷаззоб ва ин ҷаззобият аз чеҳрааш чашм канданро душвор мекард.
пешина
аз 473
навбатӣ