Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гулнисо ҳам пеши назарам омад, бо ҳамон пироҳан, ки бори аввал дар кӯчаи мо зоҳир шуд. Худоё, кадом сол буд? Ёдам нест...
Аммо тобистон буду себи пешпазаки ҳавлиамон меваҳои пухтаашро аз шохаҳояш ба замин парт мекард ва раҳгузарҳо аз бӯйи хуши себҳои кафида маст мешуданд. Ман себҳои доманамро як-як ба ҷӯйбор сар медодам ва кӯдакони маҳалла барои қапидани онҳо бо сару садо қад-қади ҷӯй медавиданду сабқат мекарданд. Онҳо хандон-хандон себҳоро гоз мезаданд ва шираи пахтасеб аз гӯшаи лабонашон мешориду дар тани урёнашон ҷӯя мекашид. Дар авҷи ин бозӣ будем, ки мошини пур аз ҷиҳоз буғзанон ба кӯча даромаду рӯ ба рӯи хонаи мо, дар назди ҳавлии фурӯшии ҳамсояи пешинамон истод ва зани ҷавоне аз кобинаи мошин берун ҷаҳид. Ӯ рӯймоли шоҳии сафедашро, ки вақти берун шудан аз мошин аз сараш ғеҷида буд, бо шеваи занони ҷануб каҷ басту як бари онро ба рӯи синаҳои дамидааш кашид. Ба думболи ӯ як саги сафед ва як писараки даҳ-дувоздаҳсола низ аз болои мошин фаромад.
Писарак дар тан зершалворӣ дошту як куртаи беостин.
Хоболуд буд, шояд ӯро аз ҷогаҳи хоб бардошта оварданд.
Саги гӯшбурида бо чеҳраи гирифта ва чашмони хамида ба сӯи ҷодаи калон, ки мошин ӯро аз он роҳ вориди кӯчаи мо кард, назаре афганду сипас дар пеши дарвоза ҳалқа зад.
Ронандаи лоғарандом, ки ба гуфтаи модарбузургам “биниашро биқапӣ ҷонаш мебарояд” сар аз тиреза берун карда, барои боркашонӣ дастёри беминнат мекофт.
Ӯ марди хуштолеъ будаст, зеро одамони маҳаллаи мо кори худро бо ҳашар буд мекарданд: бо ҳашар хона месохтанд, обчакорӣ мекарданд, арӯс мефароварданд ва ин суннатро дар хуни бачаҳои худ ҷой медоданд. Ин аст, ки баробари баланд шудани нидои “ёрдамда биё, бача!” якчанд ҷавони навхат ба мошин часпиданд. Зан дарвозаи ҳавлиро боз карда, “садқаи бачаҳои хушрӯ, асбобҳоро дар айвон монед» гуфту худаш ба боз кардани қуфли дарҳои хона машғул шуд.

пешина
аз 473
навбатӣ