ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданХонаи падариам қариб дигар нашудааст. Фақат кати байни ҳавлиро, ки ману хоҳари бузургам шабаҳои тобистон дар он рӯ ба осмон мехобидему ситораи худро мекофтем, бардоштанд. Хайрият, дарахтҳои пахтасебро набуридаанд.
- Чоятро бинӯшу равем, хонаро бубинем. - бетоқатӣ мекард додарам, ки бештар аз ман ҳавасманди он хона буд.
Ҳамсараш норозиёна ба ӯ нигоҳ кард. - Одам нав аз роҳ омадаст, бимон, каме истироҳат кунад, хона мегурезад магар?
- Айбе надорад, рафтем, дур нест? Агар дур бошад кафши сабуктар пӯшам.
- Дур? - додарам баланд хандид, - ба он ҷо пойлуч ҳам равӣ мешавад.
Маънии хандаашро вақте фаҳмидам, ки хонаи фурӯширо нишон дод ва он ду қадам роҳ, дар рӯ ба рӯи хонаи худаш буд. - Ин ҳавлии Гулнисо нест?
- Офарин, дар ёдат мондааст, хонаи Гулнисо аст.
Писараш дар ёдат ҳаст? Хонаро ӯ мефурӯшад. Модарам мегуфт, ки ин хона ҷойи дӯстдоштаат буд, дар кӯдакиат туро аз ин ҷо базӯр мебароварданд. - Рост мегуфт, ман дар ин хона як дугонаи тотор доштам, ки ба ҷонам баробар буд... Гулнисо хонаро аз онҳо харид, аммо зиёд зиндагӣ накард, ним сол буд ё як сол.
Додарам занги дарро чанд дафъа пахш кард. Гӯё касе дар хона набуд, нороҳат шуд.
-Нороҳат нашав, ман ҳар кунҷи ин хонаро аз ёд медонам, агар бар сари нарх созиш кунем, ҳавлиро мехарам, гуфтам.
Аз хурсандӣ маро бардор-бардор ба хона овард. Ман ӯро дарк мекунам, мо ҳама ба пойтахт кӯчидему додарамро танҳо гузоштем. Дилаш мехоҳад ҳаддиақал як фарзанди падар дар наздикаш бошад.
Панҷараро боз кардам, то хонаи ояндаамро тамошо кунам. Гӯё пардаи синаморо боз кардам: занҳои ҳамсоя, ки бо модарам мисли хоҳар буданд, мардҳои кӯчаамон, дугонаҳоям, ҳама як-як аз пеши назарам гузаштанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо