ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданҲоло додари хираи ман маҷбурам мекунад, ки ҳамон ҳавлиро бихарам.
- Нархаш гарон нест, бо соҳибхона боз мешавад муомила кард. -пофишорӣ мекард додарам.
- Бошад, ман ҳафтаи дигар меоям, маслиҳат мекунем, - гуфтам барои ҷонхалосӣ.
- Ҳафтаи дигар дер мешавад, ... наметавонӣ ин ҳафта биёӣ?
Додарамро дӯст медорам, мисли нусхаи модарам аст.
Одатан ҳарфашро ба замин намегузорам. Ӯ ҳам бисёр вақт аз муҳаббати ман суиистифода мекунад. Аз тарафи дигар, то Қӯрғонтеппа ду соат роҳ аст. Рӯзи шанбе равам, якшанбе бармегардам ва додарзодаҳоямро ҳам мебинам, дилам барояшон танг шудааст. - Агар кори муҳимме набарояд, рӯзи шанбе меравам.
- Гап нест апа, интизор мешавем, Худо нигаҳдор!
- Худо ҳофиз, додар!
Баъд аз сари волидон мо хоҳару додарҳо маслиҳат кардему хонаи падариро ба додари хурдӣ додем, хато накардем. Ӯ ҳамеша моро баҳам меорад, дона-дона ба шаш акаву хоҳар занг мезанад ва ҳамаро ба хонааш мехонад.
Мегӯяд, ки барои сарҷамъии мо дар баробари падару модар масъулият дорад. Мард шудааст, аммо барои мо хоҳарон ӯ ҳамон бачаи кӯчак аст, ки дар доманамон бузургаш кардем.
Аз ёдам наравад, ба ӯ хабар диҳам, ки саҳар ба роҳ мебароям.
Бегоҳ аз фурӯшгоҳ барои додарзодаҳоям туҳфаву ширинӣ харидам, намехостам саҳарро сарфи бозоргардӣ кунам. Сафар дар масири Қӯрғонтеппа то тулӯи офтоб ва бо таронаҳои писандида аҷаб кайфияте дорад. Ман тамоми роҳ бо овозхонҳо ҳамовозӣ кардам. Таллу теппаву дашту дарёҳо ингор бо ман ҳамсадо шуданд, аҷаб симфонияе буд! Ду соат мисли як мижа задан гузашт. Маро субҳонаи шоҳона дар айвони бародарам интизор буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо