Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

(Ҳикоя)

КӮЧАИ ХОТИРАҲО

Зангҳои телефонии саҳаргоҳӣ маро нигарон мекунанд. То гӯширо мебардорӣ, сад хаёли нохуш аз зеҳнат мегузарад.
Махсусан, вақте тараф боисрор занг занад. Соат панҷи саҳар асту телефонам дар ҳуҷраи дигар занг мезанад. Зангҳоро ҳисоб мекунам. Гуфтам, агар телефон баъди занги сеюм хомӯш шуд, пас хабар он қадар муҳим нест. Агар ҳисоб то даҳ расид, бояд баланд шаваму гӯширо бардорам.

  • Апа?
    Садои додарам аст. Аз оҳанги апагӯиҳояш эҳсос мекунам, ки сари ҳол аст, пас чизе нашудаст, Худоро шукр.
  • Хоб будӣ, апа? - бо меҳрубонӣ пурсид ӯ.
  • Хобам куҷо буд? Занги туро интизор будам, - гуфтам бо киноя, - чӣ гап аст? Иттифоқе уфтодаст?
  • Не-е, чӣ иттифоқ, ҳама тинҷ аст.
  • Ҳмм, ҳама тинҷ бошад, бемор дорӣ, ки дар соати панҷ одамҳоро аз хоб бедор мекунӣ? - гуфтам шӯхиомез, то ба дилаш сахт нарасад.
  • Ёдат ҳаст, гуфта будӣ, мехоҳӣ дар назди хонаи падариямон ҳавлӣ дошта бошӣ?
  • Дар соати панҷи саҳар занг задӣ, то ҳарфи кадом вақт аз сари мастӣ гуфтаи маро ёдрас кунӣ? О, ин ҳарфи даҳ сол пеш буд!
  • Пас гапи ҳавоӣ буд? - садои бародарам оҳанги ранҷиш гирифт.
  • Э-э-э, хуб ёдам ҳаст, гуфта будам? Чӣ шудаст?
  • Як хонаи хуби фурӯшӣ аст, харидори зиёд дорад. Агар хоҳӣ, аз соҳибаш мепурсам, барои ту нигаҳаш дорад.
    Чӣ бигӯям ба ин бача! Боре дар хонаи падариам ҷамъ шудем. Дилам барои даврони наврасиям гум заду гуфтам, ки мехоҳам дар ин кӯча хонае дошта бошам.
пешина
аз 473
навбатӣ