ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-То дидбонгоҳи марзӣ ками дигар монд, Худо хоҳад зуд мерасем. Мард мехост Фариштаро рӯҳбаланд кунад.
-Хоҳиш мекунам, як дақиқа ин ҷо манъ кунед.
Ронанда ва роҳбалад маънидорона ба якдигар нигоҳ карданд.
-Нигарон набошед, кори баде намекунам...
-Бошад, гуфт ронанда бо дили нохоҳам ва мошинро дар канори пул нигаҳ дошт.
Фаришта мероси Ҳашматоғо, зару зевар ва пероҳанҳоеро, ки бо худ гирифта буд, аз мошин берун овард ва бе тардид аз фарози пул ба рӯдхона андохт. Ӯ аз охирин нишонаҳои зиндагии пурмоҷарояш дар ғурбат, ки достонаш боварнокарданист, раҳо мешуд.
Мошин ҳанӯз дар хоки Афғонистон буд, аммо аз дур парчами ватан парафшонӣ мекард ва дашту деҳкадаҳои сабзу хуррам чун баҳри азиме мавҷ мезаданд.
-Тирезаро пуш, боди афғонӣ сар шуд. -гуфт марди роҳбалад ба ронанда.
Гирдбоде дар фазо чарх мезад ва хасу хорро ба осмон мебардошт. Мошин бо суръат пеш мерафту пардаи ғубор, ки ногаҳон аз осмон ба замин афтида буд, Фариштаро аз он сарзамини ғурбат ҷудо кард. Ангор, дигар на Афғонистоне буд, на оғое! Рашидро дид, ки аз баландие бесаброна ба самти роҳ дастафшонӣ мекард. “Бечора дар ин се сол ба андозаи даҳ сол пир шуда буд.”

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо