ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан-Шумо и зана амиёли мебарен? Афсари афғон мехост ҳар чӣ зудтар аз ин зани девонавзоъ халос шавад.
-Бале сайиб, мебаремаш, мошин ҳам омодааст, муҳра ба поспуртуш бузан, то мо роҳӣ шавем. Мошини шостибаланд, ки дар пешаш парчами Тоҷикистон насб шуда буд, постгоҳи марзиии Афғонистонро пушти сар гузошт. Фаришта пули ҳамвори тӯлониро убур мекарду ҳарфҳои аҷуза дар гӯшаш садо медод:
- Рӯзе аз фарози пули бузург бодвор мегузарӣ ва ба пушти сарат нигоҳ мекуниву мебинӣ, ки чӣ ганҷеро дар ин сарзамин ҷо гузоштаӣ.
Тамоми ғаму андӯҳ, таҳқиру табъиз ва таҷрубаҳои талхи қариб сесолаи ғурбат чун корвони ҳомили бори андуҳ аз биёбони зеҳнаш убур карданд. Аммо на дурӣ аз модару хоҳар, на сардии оби Омӯ дар зимистони қаҳратун, на таҷовуз ва ғурбату хориву танҳоӣ, ба сӯзиши аз даст додани духтараки ширинаш баробар намешуд. Ӯ аз тирезаи мошин ба ақиб нигоҳ кард, мехост бори охир тепаи сафедхок ва қабри кӯчаки духтарашро бубинад. “Гули нозам, бубахш маро, ки озодиамро ба қимати ҷони ту харидам. Илоҳо дар ҷаҳаннам бисӯзӣ, аҷуза, ки сари ин кӯдаки ноком бо ман муомила кардӣ, илоҳо гурат дар бигирад!” Мошин Фариштаро аз сарзамини қабри кӯчаки духтараш то рафт дур мекард. Фиғону шеван дар синааш ҷӯш мезаду роҳи бурунрафт меҷуст. Хеле таҳаммул кард, аммо сабраш саромад ва мисли девонаҳо мӯя кашид: - Войи ман, вой бар ман, падруд ҷони модар, падрӯд духтараки нокоми ман”- мегуфту мушт ба сина мезад.
Ронанда ва марди роҳбалад аз ҷой такон нахӯрданд, онҳо намедонистанд, ки аз сари ин зани бечора чиҳо гузаштааст, аммо ҳадс мезаданд, ки ранҷҳои болотар аз тавонашро кашидааст. Ҳарду ноаён ашкҳои худро пок мекарданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо