ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Чераи худа боз ку, - гуфт афсар вақте онҳо ба ҳуҷраи кӯчак ворид шуданд. Фаришта лаби бурқаро бардошт ва бо нафрат ба афсари шофбурут, ки шиками дамидааш занҳои моҳурӯзро мемонд, нигоҳ кард Саргурд низ аз ӯ чашм намеканд.
-Қисса ку, ки чи тур ин ҷо афтодӣ, чаро ин тури шикаставу рехтаӣ, ҷинояткор хо нестӣ?? Фаришта аз сарбоз чашм намеканд, эҳсос кард, ки рафтанаш аз ин кишвар даргумон аст. Рангу рӯяш парид, лабҳояш ларзиданд, муштҳои гирехбастааш худ ба худ боз шуду ӯ мисли чанори решакан ба замин афтид.
-Э-э-э, Хонум? Хонум, буланд шу, чиро афтодӣ, чиро и рақамӣ шудӣ? Саргурд бо як даст китфи Фариштаро такон дод ва бо дасти дигар тавассути дастгоҳи мухобирот зердасташро ба ёрӣ хонд.
-Ба намояндаи Тоҷикистон бугӯ дар тамос шава, дар ҳамин атрофо буд, бугӯ, худа зуд ба ин ҷо брасона.
Фаришта аз бӯи тези амиак ба худ омад, хонуме пахтаи бадбуро дар зери димоғи ӯ пасту баланд мекард.
-Шукри Худо, ба ҳуш омад, -саргурд сайиб и занака ба худ омад.
Саргурд бо як марди дигар ба ҳуҷра даромад, шиносномаи Фаришта дар дасти марди ношинос буд.
-Хайрият пайдо шудед, хоҳар, ин қадар шуморо ҷустуҷӯ кардем! - гуфт марди ношинос, ки дар ин гармо дар тан куту шалвор дошт.
-Хонаводаи шумо, шавҳаратон чанд рӯз дар лаби марз чашм ба роҳ буданд.
-Кадом шавҳар? - пурсид Фаришта бо ҳарос. Марди ношинос ҳайрон шуд.
-Шумо чанд шавҳар доред? Фаришта посӯх надод ва сайъ кард аз замин баланд шавад.
-И бечора ҳазён мега ва илло ба шуҳараш телефон кардем аз шодӣ ба мутараш париду роҳии марз шуд, - саросема гуфт марди ношинос то саргурд шубҳа накунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо