ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Аз Гулоғо нигарон набуд, медонист, ки таъқибаш намекунад, танҳо дилозурда мешавад, ки ба муҳаббаташ носипосӣ кард. Аммо метарсид, ки мабодо марзбонҳо хурдагирӣ кунанд ва нагузоранд ба ватанаш баргардад.
Ниҳоят баъди се соат дар рӯ ба рӯи худ бурҷи баланд ва парчами Афғонистонро дид ва бурқаи кабудро дубора ба сар кашид. Мусофирбарҳои хурду бузург ва комюнҳои пурбор дар майдони назди бурҷ саф кашида, интизори убури марз буданд. Сарбозҳои мусаллаҳ дар байни мошинҳо мерафтанду меомаданд, бо баъзе ронандаҳо худмонӣ суҳбат мекарданду лабханд мезаданд, бо бархи сиёсат нишон медоданд.
Фаришта даст ба ҷайб бурду шиносномаашро берун овард. Аз замоне, ки сафир шиносномаи кабудро ба дасташ дод, ӯ ин санадро борҳо ҳарф ба ҳарф хонду чун гавҳараки чашм ҳифз кард. Ҳоло ҳам шиносномаро аз паси тури бурқа бори дигар аз назар гузаронд ва сафи комюнҳоро убур карда, мустақиман ба постгоҳи марзбонҳо рафт.
-Афсар сайиб, ман мариз астум, хоҳиш мекунум ба ма иҷозаи убури марза бутен. Фаришта шиносномаашро ба афсари марзбон дароз кард. Чашми афсар ба дастҳои пур аз хоку гил ва нохунҳои шикастаи духтар афтод.
-Рӯи худа боз кун, - амр кард ӯ. Фаришта лаби бурқаро бардошт. Сарбоз бо нигоҳи машкук ба зан чашм духт.
-Аз куҷо меоӣ? Чаро сару рӯят касиф шуда?
-Афсар сайб, мушкил чӣ аст, поспортум нодуруст аст?
-Паспурт мушкил надора, аммо худут машкук мезанӣ.
-Саргурд сайиб иҷа як зан омада, поспурти тоҷикӣ дора, аммо хеле машкук мезана, -сарбоз ба воситаи дастгоҳи мухобира фармондеҳи аз худ бузургро ба машварат даъват кард.
Саргурд шиносномаи Фариштаро тагу рӯ карду “бо ма биё” гуфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо