Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Селаи калоғҳо дар фарози санглох чарх мезаданд ва қар-қар тарона мехонданд. “Гум шавед калоғҳои бехосият, хоби духтарамро ҳаром накунед.” Ӯ дубора аз тепа поён шуду сангҳои хурду бузургро дар доманаш ҷамъ овард ва гурро сангпеч кард, то паррандаҳои ваҳши натавонанд ҷасади бачаашро аз гӯр берун биёранд. Шохаи ғафсеро аз дархт шикасту ба замини рӯи қабр ғутонд ва рӯсарии обиашроба он чӯб аст.
Дар замин чорзону заду сураҳоеро, ки зани нонпаз ба ӯ ёд дода буд, пушти ҳам ба забон овард.
-То ба дунё омадани ту ман мурда будам, ангезае барои зиндагӣ надоштам, ту таваллуд шудиву маро зинда кардӣ, дар тамоми дунё ягона маҳбубам будӣ, лабханд мезадиву ман мегуфтам “магар мешавад ин фариштаро напарастид? Ман барои хандаҳои ту мемурдам, гиряҳоятро аз бар карда будам, медонистам, ки кадом вақт ва чаро гиря мекунӣ. Ҳоло туро, пораи танамро, равонамро, қалбамро бо дастони худ дар хоки хунук гузоштам. Оҳ, мағз-мағзи ҷонам барои ту месӯзад.
Кош он шаби гаравгонгирӣ дар рӯди Омӯ ғарқ мешудам ва ту ҳам бехабар аз ман дар батни модари дигар месабзидӣ.
Мурдан дар ихтиёри инсон нест, ҷони модар, вагарно ҳоло мехостам рӯи гӯри ту дароз бикашаму дигар баланд нашавам.
Падруд, гули нози ман, нозанини ман, ҷони модар, дидор дар қиёмат!
Фаришта синазанон аз теппа фаромад. Пардаи ашк пеши чашмашро мегирифту пешпо мехурд ва хуни нохунҳои шикастааш сангҳоро гулгун мекард. Ӯ ба ҷодаи дирӯза барнагашт, аз рӯи сангҳо бо шитоб қадам мезад. Мехост аз ин сарзамин, ки гаронмоятарин гавҳарашро аз ӯ рабуд, талхтарин рӯзҳоро ба сараш овард, эътимод ба инсонро аз даст дод ва мисли санги бари кӯҳ сарду шахшул шуд, зудтар фирор кунад.
Бо гунаҳои харошхурда, лабҳои парсингбаста, сару рӯи пур аз хок, кафшҳои дарида ва нохунҳои шикаста ӯ девонаҳои кӯчагардро мемонд, ки кӯдакон ба сӯяшон санг меандозанд.

пешина
аз 473
навбатӣ