Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Суратаки сарди духтарашро мебӯиду мебӯсид, зулфакони қатрониашро навозиш мекард, аз дидори ӯ серӣ надошт.
Қарибиҳои бомдод якбора хомӯш шуд, чеҳрааш чун санги хоро сарду дурушт ва чашмонаш чун ҳавзи хушкида холиву бенур гашту лабони аз ғазаб фишурдааш ба як хати нозук табдил ёфт.
Оҳиста аз ҷой баланд шуд ва дар байни ин дашти холӣ чун ҳайкали санг қад афрохт.
Ӯ рӯ ба машриқ овард, аз шафақи субҳгоҳӣ нишоне набуд, аммо сафедии субҳ домани торикиро кӯтоҳ мекард ва қадам ба қадам баланд мешуд. Фаришта чор тарафро аз назар гузаронд, ӯ бегоҳ дар ин мавзеъ баландиеро дида буд, ба самти ҳамон теппа қадам бардошт. Ҳар дам пояш ба санге бармехӯрду хуншор мешуд, аммо дарди аз даст додани фарзанд он қадар сангин буд, ки ӯ дардҳои дигарро эҳсос намекард. Теппа аз дур наздик менамуд, роҳ то он ҷо хеле тӯлонӣ будаст. Ӯ замоне ба пойи теппа расид, ки субҳ дамиду акнун пеши пояшро восеҳтар медид. Ҷасади кӯдакро ба замин гузошту рӯяшро бо лаби пату пӯшонд ва сипас аз санглох ду се санги теғадор пайдо кард. Аввал сангҳоро ба рӯи теппа бурд ва баъд ҷасади кӯдакро бо эҳтиёт бардошту боло баромад. Дар он баландӣ ҳамвориеро интихоб кард, ки дарахтҳои кӯтоҳ дошт ва сафедхоки нармаш ба осонӣ аз замин канда мешуд. Гоҳ бо дасту гоҳ бо санг барои духтараш як гӯри начандон амиқ кофт, тани ӯро бо обе, ки мӯйсафеди раҳгузар дода буд шусту дар пероҳани сафеди худаш печонд ва аз пату барояш бистари нарм сохт. Рӯ ба рӯи гӯри бачааш сукут кард.
Зиндагии кӯтоҳи Гулиноз аз шаби ваҳмноки таваллуд то дирӯз, ки дастонашро ба гардани Фаришта ҳалқа мекарду панҷаи марямро берун мекашид, аз пеши назараш гузашт.
-Духтараки марҷондӯстдори ман, дилат кашоли панҷаи марям буду ман онро аз ту дареғ доштам, хотири оғоро аз ту боло гузоштам. Бигир ҷонам, ин занҷир моли ту аст. Ӯ берун оварду ба гардани кӯдак ҳамоил кард ва сипас ба рӯяш хок кашид.

пешина
аз 473
навбатӣ