ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Бачаи беҷонро чапу рост такон медод, наметавонист бовар кунад, ки кӯдак мурдааст.
-Войи ман, вой бар ман, худо маро кӯру кар кард, ки нидои туро нашунидам! Ту дар талвосаи ҷон, мӯи модаратро кашидӣ, ки аз ҳолат бохабар шавад, аммо ҳуши ман дар кадом гӯр буд, ки ҷумбиши дастҳои кӯчаки туро эҳсос накардам... Бишканад ин даст, ки тавони бардоштанатро надошту туро ба пушт ҳавола кард! Духтараки гӯшнаву ташнаи модар, духтараки дар орзуи оғӯши модар, кош ба ҷойи ту ман мемурдам, духтараки ноосудаи ман! Фаришта худро ба замин партофту мушти сангин ба сару сина зад, хок бар сар кард ва ба сару рӯяш ханҷол зад. Ӯ аз ақл бегона мешуд.
Дар рӯи хок паҳлуи духтараш дароз кашиду ӯро бағал кард.
-Бихоб ҷони модар, як ҳафта боз хоби дуруст надоштӣ, комҳоят варам кардаанд, бароят гандумкӯчӣ ваъда кардам, ҳатман мепазам ва ба тамоми маҳалла тақсим мекунам, донаҳои гандум мекафанд ва дандонакҳои ту ҳам сар мезананду мисли биринҷ саф мекашанд. Бихоб духтараки дилсӯзи ман, духтараки сабури ман, ту он қадар беозорӣ, ки шабҳо хоби модаратро беовоз посбонӣ кардӣ. Ту аз шиками ман бузургу оқил таваллуд шудӣ, ангор, аз тамоми сарнавиштам огоҳ будӣ, ангор, дилат ба ҳоли ман месӯхт...
Пораи тани ман, ҳамдилу ҳамроҳи ман, духтари дилсӯзи ман.
Бихоб, ман барои ту афсонаҳои ногуфта дорам, гуфта будам, каме бузургтар шавӣ он достонҳоро бароят ҳикоят мекунам, достони духтари шоҳро, достони париҳои пушти Кӯҳи Қофро.
Тамоми шаб гоҳ бохуду гоҳ бехуд дар паҳлуи ҷасади кӯдак ҳазён гуфт, гоҳ аз боғу гоҳ аз роғ мегуфт, афсона мегуфт, гоҳ механдиду гоҳ чун гург уллос мекашид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо