ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ногоҳ ба ёдаш омад, ки чанд соат боз аз бачааш хабар нагирифтааст. Ба замин чумбак заду патуро боз кард ва кӯдакро рӯи зонуш гузошт.
-Азизи дили модар, духтари гули модар, бубахш маро, ки туро ҳам ба сарнавишти худ гирифтор кардам, ками дигар монд, сабур бош, ҷони модар, туро ба сарзамине мебарам, ки касе озорат надиҳад, касе базӯр аз бағали модар берунат накунад, ками дигар сабр кун ҷони оча..
Аммо кӯдак намеҷумбид, ангор ғарқи хоб буд. Фаришти ӯро ду се бор такон дод, аммо бедор нашуд. Гулиноз ҳар вақт, ки эзори хисашро берун кунанд, инҷиқӣ мекунад ва аз хоб бедор мешавад. Фаришта поҷомаро аз тани кӯдак берун оварду аз тарс шах шуд, тани бача мисли барфи зимистон сард ва лабҳояш мисли нилоб кабуд буд.
- Вой, духтарам, чашмота боз кун маро натарсон, ҷони модар, бедор шав!- Ӯ бачаро такон медоду мебӯсид, ба синааш пахш мекард, аммо тифлак хомӯш буд ва тани кӯчакаш мисли арӯсакҳои фарангӣ сарду шах мешуд.
Бачаро, чунон ки зани нонпаз чанд дафъа нишон дод, сарнишеб карду ба пушташ чанд тап-тап зад, аммо натавонист ӯро бедор кунад. Фаришта бо дастони аз тарс шахшуда синаашро аз гиребони куртаи танг берун овард ба даҳони нимабози гӯдак ду се қатра ҷӯшид. Шир аз байни комҳои бастаи бача ба гарданаш рехт. Нурҳои охирини офтоб бо мардумаки чашмони нимабози духтари Фаришта бозӣ мекард.
-Зинда аст, чизеш нашудаст! - панҷаҳои Фаришта аз тарсу ҳаяҷон чун барги сафедор меларзид, бачаро рӯи пату ба замин гузошт ва хам шуду сар ба синаи кӯчакаш гузошт, садое нашуниду девона шуд. Чанд тори мӯи худро дар панҷаҳои кӯдак диду фиғонаш ба осмон печид ва селаи калоғҳоро, ки дар ин замини холӣ барои худ ғизо мекофтанд, ба осмон бардошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо