ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ногаҳон аз дур пиракии харсавореро диду аз шодӣ ба тарафаш давид.
Пиракӣ аз дидани як зан дар ин кавири хушк ҳайрон шуд.
-Салом падар, то марз чӣ қадар роҳ аст? Ҳар қадар роҳ меравам, вале намерасам..
-То марз ду се соат роҳ аст бачем, дар и дашти беодам танҳо чӣ мекобӣ?
-Бачам бо мане, - гуфт духтар ва ба пушташ ишора кард.
-Як соат роҳ аз ин ҷо як рустои хурде аст, шабро он ҷо рӯз кун, баъд ба роҳ буро. Ин ҷодаҳо бари мардҳо пурхатар аст, ту хо як занҳои танҳоӣ.
-Падар, шумо об надоред?
Мӯйсафед шишаи пур аз обро аз хурҷин берун овард ва “худо нигаҳдорат” гуфта ба роҳаш идома дод.
“Хонаат бисӯзад, Зарандуд, чӣ тур тавонисти ин корро бо ман бикунӣ, ман ки ҳеҷ, дилат магар ба ҳоли ин тифл намесӯзад!?
Фаришта гушнаву ташна, хаставу лакот, кӯдаки ширхор дар пушт ва бӯғчаи либосҳо дар мушт пойҳои худро базӯр пеш мекашонд. Пояш ба пойи дигар мепечид, кул мехӯрду мекалавид, аммо манъ намешуд, бо ғазаб пеш мерафт, раҳ ба раҳ бо сарнавишти носозгораш, бо падари ҷаррораш, ки рӯзашро рӯзи саг кард, бо мӯйсафеди сӯфинамо, ки ӯро ба пушти «Кӯҳи Қоф» фиристод, бо марзбонҳо, ки ӯро аз чанги қочоқбарҳо наҷот надоданд, арбада мекард. Нафасаш дар дохили бурқаи ғафс мепечид, аммо манъ намешуд, ҳатто вақте, ки кӯдакаш шош мекард ва пушти арақкардааш ба сӯзиш меомад. Иродаи оҳанинаш, ки ин ҳама солҳо дар кадом гӯшаи танаш пинҳон буд, акнун сар бардошта, амр мекард, ки аҷала кунад.
Офтоб охирин нурҳои худро ба ин дашти беодам мепошиду ба сӯи кӯҳҳои сар ба фалак мехазид. Фаришта аз панҷараи бурқа рӯ ба осмон оварду лаҳзае бар абрҳои сафед, ки сар ба домани якдигар гузошта, чун тифл дар бағали осмони кабуд алвонҷ мехӯрданд хира шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо