Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тамоми рӯз дар роҳ буданд. Соати мошин чаҳори баъд аз зуҳрро нишон медод. Ниҳоят ба як мавзеъе расиданд, ки шабеҳи чулистон буд, на хонае надошт, на долу дарахте.
-Пиёда шу ҳамшира.
-Расидем?
-Ами роҳ рост ба марз мебара, ма бояд пас гардум. Ҳоло рузо дарозан ба рушанӣ то марз мерасӣ. Ронанда дигар имкон надод, ки Фаришта лаб боз кунад, мошинро пас гардонду бо аҷала аз роҳи омадааш баргашт.
Ҷодае, ки он мард Фариштаро бо кӯдаки ҳафтмоҳа аз мошин берун кард, холиву машкук буд, на одаме менамуд на мошине. Дар самти рости ҷода санглохи бузурги монанд ба гузаргоҳи селҳои баҳорӣ доман меафрохт. Дар тарафи чап як кавири хушке. ки заминаш аз беобӣ сафолак баста буд. Кӯдак тамоми роҳ сар аз хоб набардошт ва ҳоло гушна буду гиря мекард. Фаришта синаҳояшро ламс кард. Шаб аз ҳаяҷон лаб ба ғизо набурд ва ҳоло синаҳояш мисли машки беоб холӣ буданд. Сари санге нишасту пистонашро ба даҳони кӯдак гузошт, бача дилтангӣ мекард, мисле, ки таб дошт. Ӯро басахтӣ ором карду рӯ ба сӯи ҷодае рӯ овард, ки ронанда мегуфт “аз ин ҷо марз як қадам роҳ аст.” Як соат роҳ рафт, аммо на марз менамуд на марзбоне, атроф холӣ буду ҷода ваҳмангез. Нигарон шуд, “наход ронанда ин қадар номусалмон бошад, ки маро бо кӯдаки ширхор дар ин кавири беодам раҳо кард?
Бо ин андешаҳои мағжуш ҷодаи пур аз хокро бо лаби бурқа дарозаш меруфту пеш мерафт. Намехост лаҳзае манъ шавад, метарсид, ки агар дер кунад марз шабона масдуд шавад. Кӯдаки лоғаракаш, ки мисли пари қӯ сабук буд, акнун дар назараш мисли кӯҳ сангин менамуд ва роҳ рафтанро душвор мекард. Аз бӯғча патуеро берун оварду “гаҳвора” сохт ва кӯдакро ба пӯшташ савор кард. Бораш гӯё сабуктар шуд, аммо ҳар қадар пеш мерафт, манзараи атроф тағйир намеёфт, гӯё беҳуда по мезад. Як соати дигар роҳ рафт, ду соат роҳ рафт, забонаш аз ташнагӣ дар комаш мечаспид.

пешина
аз 473
навбатӣ