Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз сандуқи ҳадяҳои Ҳашматоғо, ки Марворид барои ҷуброни гуноҳаш овард, як мушт тилловорӣ ва якчанд пероҳани пурарзишро бардошт, ки агар марзбонҳои фосид аз ӯ пул бихонад, чизе ба кафи дасташон бирезад.
Шаби моҳтобие буд он шаб. Атроф он қадр рӯшан буд, ки гӯё ҳавлиро чароғон кардаанд. Фаришта кӯдак дар бағал ва борхалта дар даст, таг-таги деворҳои баланди сохтмон, ки нури моҳтоб ба онҳо намерасид, худро то дами дар расонд.
Зарандуд чодари бузургеро ба тан печида буд ва мисли занҳои ҷодугар “биравӣ ва дигар барнагардӣ!”- гуфту дарро аз пушти Фаришта баст. Мошин дар дами дар қарор дошт ва ронанда баробари дидани Фаришта чароғҳоро рӯшан кард.
-Ҳамшира чодари худа бипӯш, роҳ пур аз мардуми силоҳдор аст, азият мекунан.
Фаришта кӯдакашро рӯи сандалӣ гузошту сайъ кард, борхалтаашро боз кунад. Дастонаш аз ҳаяҷон меларзиданд ва қалбаш мисли девонаи аз банд раҳида дар тамоми рагҳояш метапид. Ронанда ҳаракатҳои ӯро аз оина тамошо мекард. Ӯ шишаеро аз бағоҷи мошин берун овард.
-И об бинӯшу ором шав, ин рақам агар касе мора истод куна мефома, ки фирорӣ астӣ. Тавре рафтор ку, ки амсари ма бошӣ. Фомидӣ?
Фаришта обро нӯшиду бурқаи кабудро ба сар кашид. Аз шикофҳои танги бурқа кӯчаеро медид, ки қариб се сол пеш, дар як шаби боронӣ, бо як даста мардҳои бадбӯй аз он убур карда буд. “Ангор сад сол пеш буд, чӣ рӯзҳое, ки надидам!” Намедонист, ки ин ҳама вақт дар кадом қисмати Афғонистон зиндагӣ кардааст.
-То марз чанд саот роҳ аст?
-Агар иттифоқе наафта соатои се бачаи бегоҳ мерасем, аммо то дами марз намерум, баром хатар дора, дар аму наздикиҳо шумора илло мекунум. У тарафуш ду қадам роҳ аст.

пешина
аз 473
навбатӣ