ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-На хайр, оғо аз куҷо мефома, ага ту ба ӯ хабар надӣ, ту хо девона нестӣ? Ё ҳастӣ?
…
-И ма будум, ки ба сафорати кишварут нома задум, ва илло ту дар и хона мемурдӣ ва дига рӯи нана бобота намедидӣ!
-Ангор бадхоҳит ба фоидаи мо буда...
-То ду-се рӯзи дига ронанда пайдот мекунум, бояд нимашаб аз и хона берун шавӣ, то оғо нафома ва ба думболут нарава.
-Аз ин дарвозаи баланди пур аз нигаҳбон чӣ рақам берун мешавам?
-Дар қиссаи нигаҳбонҳо набош, унаш бо ман.
Ҳарфҳои ин зани заранг Фаришта бештар дарунгаро кард. Аз фирори нимашабӣ меандешиду аз тарс меларзид.
Мехост аз хола машварат бигирад, аммо истиҳола мекард.
Хола ба Зарандуд эътимод надорад ва эҳтимол ӯро аз ин сафар мунсариф мекунад.
Ду се рӯзи ваъдагии Зарандуд ба андозаи ду-се сол тӯлонӣ буд. Об аз гулӯи Фаришта намегузашт.
Оғо аз рӯзи омадани меҳмонҳо худро аз Фаришта канор мегирифт. Ӯро дар ҳавлӣ медиду, роҳашро дигар мекард, аламаш сахт буд.
Ниҳоят шабе Зарандуд надимаашро ба суроғи Фаришта фиристод.
-Омода шу, фардо шаб ба роҳ мебароӣ.
-Фардо??
-Ё аз фирор мунсариф шудӣ??
…
-Соати чор баҷа худа ба дами дар бирасон, сайъ ку, бачат садо накуна, ки ҳама кор барбод мера.
Он рӯз Фаришта аз хона набаромад, ба суолҳои хола Наврӯз, ки “чаро и рузо чуп шудӣ”, мегуфт, ки афсурдаҳолӣ дорад. Тамоми ҷиҳозашро дар як халтаи ҷо кард. Барои бачааш либос гирифту шири хушк.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо