ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Баъди ин ҳодиса ӯ хомӯшу андешаманд шуд, кам ҳарф мезад, духтарашро соатҳо ба синааш пахш мекард ва ба як нуқта хира мешуд. Ӯ роҳи фирор аз хонаи оғоро меҷӯст.
Хола Наврӯз барои фирор ҳамдасти хубе набуд, танҳо як нафар метавонист ба ӯ кумак кунад -Зарандуд!
Зарандуд худаш ба думболи Фаришта омад.
-Саҳнаи биравам наравами тура аз дур тамошо кардум, хеле ҷолиб буд, мисли филмҳои ҳиндӣ, - гуфт ӯ бо тамасхур.
-Ман аз оғоз медонистум, ки ту аз оғо бордор шудӣ ва он орусии аҷулона фақат ба хотири рӯпуш кардани ҳомиладорит буда. Ба ҳунари коргардонии хола Наврӯз бояд қоил шуд, ҳатто Истивен Испилберг ба пояш намерасад!
-Ту аз ман чӣ мехоҳӣ? Зарандуд кароҳатро дар садои Фаришта эҳсос карду лабонаш аз ғазаб фишурда шуданд.
-Мехом ин ҷа набошӣ, мехом биравӣ, ба ҳар харобкадае, ки дилут меход, мехом гумном шавӣ, мисле, ки аслан ин ҷа набудӣ. Зарандуд лабонашро ба гӯши Фаришта назик овард, нафасаш сӯзанда буд.
-Кӯмакат мекунам, ки бо уштукат аз ин ҷо гум шавӣ.
Хаёл накун, ки ма и кора аз дилсӯзӣ барет мекунум, дили ма ба ҷуз худум ба касе намесӯза. Оғо то ҳол танҳо моли ма буд ва моли ма мемона! Ҳиҷ ба худ суол кадӣ, ки оруси охири оғо куҷо шуд? Ҳеҷ ба худ суол кадӣ, ки чира Жило хул шуда? Олиям ага нафомида бошӣ, пас бидон, ҳар кӣ сари роҳ ма сабз шава, рӯзаш сиёҳ меша...
-Чӣ турӣ кумакам мекунӣ?
-Бубин духтар, манофеъи мо нохудогоҳ баҳам омада, ту мехой ба ватанут баргардӣ, ма мехом рехти тура набинум..., кӯмакут мекунум, барет мошин ҷур мекунум, пайсашам метум, ки тура то марз бубара, ун тарафуш кори худут, чӣ рақам ки биҳоҳӣ ба ватанут буру.
-Наметарсӣ, ки оғо буфома ҷазот мета?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо