ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Ҳамин ки гуфтам, бачаи аз и сарзамин берун намеша!
Фиғони Фаришта ва гиряи кӯдак, ки дар дасти хола Наврӯз почак мезад, ҳавлиро пур кард. Меҳмонҳо маъюс шуданд, зани малламӯй Фариштаро аз замин бардошту ашкҳояшро бо нӯги рӯсарияш пок кард.
-Фаришта, шояд аввал шуморо ба Тоҷикистон расонем ва баъд барои баргардонидани кӯдак талош кунем? Созмонҳои байналмилалиро миёнҷӣ мекунем, ҳукуматҳоро сафарбар мекунем, чӣ гуфтед? - гуфт ӯ бо нармӣ.
-Ман бе кӯдакам аз ин кишвар хориҷ намешавам, зорӣ мекунам, тавалло мекунам, роҳашро пайдо кунед, маро бо бачаам ба ватан баргардонед...
Меҳмонҳо дар гӯшае ҷамъ шуда, хеле машварат карданд, сипас ҳамон зани фарангӣ Фариштаро ба гӯшаи дигари ҳавлӣ бурд, то муҳтавои суҳбат ба гӯши дигарон нарасад.
-Ба назди бачаат баргард, мо бояд одамҳоеро пайдо кунем, ки ҳарфашон ба оғо мегузарад. Ҳама талошамонро ба харҷ медиҳем. Мувозиби худату бачаат бош, азизам, -гуфт он зан ва сари Фариштаро бо тараҳҳум навозиш кард.
Меҳмонҳо рафтанду ҳавлӣ холӣ шуд. Фаришта ноумедона аз паси онҳо нигоҳ кард, дилаш гувоҳӣ медод, ки ин одамҳо дигар барнамегарданд. “Кӣ аз ҷонаш безор шудааст, ки бо ин оғои сарватманд, ки ҳар киро бихоҳад мехараду мефурӯшад, сар ба сар шавад!? Ман кӣ ҳастам, ки ватанам ба хотири раҳоиям бо ҳамсоя мунозира кунад? Ту ин ҷо мондагор шудӣ, Фаришта, ту дур аз ёру диёр дар ин ғамкада агар аз заҳри занҳои ҳасуд намирӣ, яқин аз ғусса мемирӣ ва духтаракат умре дар ошпазхона чӯрии ин хонадон мешавад.” - ин андешаҳои мантиқӣ пеш аз омадани меҳмонҳо низ дар зеҳни Фаришта чарх мезаданд. Бовар надошт, ки оғо даст аз сари ӯ бардорад, акнун бешак дарк мекард, ки агар мурдааш аз ин хона бадар нашавад, зиндаашро раҳо намекунанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо