Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ин воқеъаят, ки дигар туро намебинам, дилам сад пора мешавад. Аммо бояд баргардам, ниҳоли умри ман дар хоки сарзамини ту ҳеҷ гоҳ реша намегирад. Ман ин ҷо як ғарибаам, решаҳоям дар он сӯи рӯдхонаи Омӯянд. Бигзор биравам ва боқии умрро бо хотироти ширине, ки аз ту дорам, сипарӣ кунам. Ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунам, ҳамеша ошиқат мемонам...
Ашк дар чашми оғо ҳалқа зад. Агар ӯ то ҳол умед дошт, ки розӣ кардани Фаришта содалавҳ кори душвор нест, акнун дарк мекард, ки дигар ҳеҷ чиз мисли гузашта нахоҳад буд.
Фаришта кайҳо аз чангаш раҳо шудаст.
Ноумедиаш ба ғазаб табдил шуд ва бо қаҳр аз Фаришта рӯ гардонд
-Моъмур сайиб, ага и хонум дилгармие дар хонаи мо надора, маҷбурӣ хо нест, роҳаш боз аст, - аммо бача иҷа мемона, қонун хо ҳаст, кӯдак табаи ин кишвар аст! Модаруш табааи кишвари худ аст, метона баргарда, аммо уштук дар и мамлакат мемона! Оғо қарори худро бо садои баланд ва ба ҳама шунавонда эълон кард.
Сукути ваҳшатноке ҳавелиро фаро гирифт, маҳмонҳо бо таассуф ба якдигар нигоҳ карданд.
-Оғо, туро ба Худо ин корро бо ман накун... Магар намебинӣ, ки ман ин ҷо бадбахтам..., агар то ҳол намурдам, танҳо ба хотири Гулиноз аст. Ӯро аз ман бигирӣ, маҷбурам ин ҷо бимонам, аммо ғуссаи дурӣ аз ёру диёр маро билохира мекушад... Бимон мо биравем, ту медонӣ, ки ман бе духтарам ба ҷойе намеравам. Хола Наврӯз, бачаи маро биёр!
-Ҳеҷ кас ҳақ надора уштука ай хона берун бурора, фомиден!?
Фаришта беҳолона ба замин афтид. – бачаамро биёред, бачаамро биёред... мегуфту шабеҳи гаҳвораҷумбон ба ҳар тараф такон мехӯрд.
Гулоғо сайиб, ҳарфи шумо дуруст аст, - бо мулоимати шурӯъ кард сафири тоҷик, - бача табааи кишвари шумост, аммо аз рӯи инсоф нест, ки кӯдаки ширмака аз модараш ҷудо кунед.

пешина
аз 473
навбатӣ