ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Маъмур сайиб, лутфан як лаҳзи ин ҷо биё, сайъ ку худи хонум чӣ мега, у нагуфта, ки аз ин ҷо ход рафтан.
Марди низомӣ дуртар аз меҳмонҳои дигар бо Фаришта суҳбат кард..
-Бубин хонум, иҷа ҳама мардуми масъул ҷамъ шуда, мехойуму намохойум намеша, и рақамӣ намеша. Ошкоро бигӯ, ки азми рафтан дорӣ ё мехой иҷа бимонӣ?
Фаришта сокит буд.
-Оғо мега, ки тура аз иҷа хушат мейод ва рафтан намехойи, дуруст мега? Шиноснома дар кафи Фаришта арақ кард.
-Ба назди хонаводам бармегардам... гуфт ӯ бо овоз нимшунаво.
Абрувони марди низомӣ аз ҳайрат боло шуданд.
-Гулоғо сайиб, пеш аз и ки мардума ба ҳарфат мутмаин кунӣ, лоақал аз и хонум мепурсидӣ, ки дилуш чӣ мехоя. Ӯ даст афшонду ба назди меҳмонҳо баргашт. Сафири тоҷик бо асабоният сигор мекашид.
Оғо аз хиҷолат сарафканда шуду лаб зери дандон гузошт, то ҳарфи дуруште аз забонаш берун наояд.
-Фаришта? И чӣ рақам ҳарф буд, ки ба моъмур гуфтӣ? Ту хо лофи ишқу садоқат мезадӣ, пас у ҳарфо ҳамаш дурӯғ буда? Ҳарф бизан, чаро чуп шудӣ!?
Хола Наврӯз аз беҷуръатии Фаришта ба хашм меомад ва ҳар лаҳза бо ишораи сар “буру” мегуфт Таъсири ишораҳои хола буд ё бетобиҳои сафир, ки Фаришта нафаси амиқ кашиду оҳиста ба гап даромад.
Оғо... оғои дили ман, ман ҳеҷ касеро дар ин дунё ба андозаи ту дӯст надоштам, рӯзҳое, ки бе ту гузашт, бадбахтарин рӯзҳои умрам буд. Ман 31 сол дорам, як сол агар 366 рӯз бошад, метавонӣ ҳадс бизанӣ, ки чӣ қадар рӯзҳоям бе ту ҳадар рафтанд. Ба ту дил бастам, дар набудат бо рӯъёи ту ишқ варзидам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо