Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта, лутфан аҷала кун, ҳамин ҳоло бояд ба роҳ бароӣ, мо туро то фурӯдгоҳи Кобул мебарем. Ғамҳоят тамом шуд, дидори азизон дар пеш аст!
Қалби Фаришта аз шодӣ дар синааш намегунҷид, аз ин пешомад, ки ҳамин рӯз ба дидори азизонаш мерасад, шодикаф мешуд.
Оғо суҳбати ду тоҷикро аз дур назора медиду бетоқатона дар саҳни ҳавлӣ қадам мезад, гоҳ ба ришу чонааш даст мебурд ва гоҳ панҷа ба мӯйҳои фирфириаш мезад. Аз ин нигарон буд, ки сафир Фариштаро барои бозгашт ба ватан таҳрик медиҳад.
-Фаришта... пешам биё...
Фаришта бо дили нохоҳам дар рӯ барӯ оғо қарор гирифт.
Шиносномаи обӣ ҳамоно дар сандуқи дилаш буд ва чашмонаш аз шодӣ барқ мезаданд. Оғо ноумед шуд, ӯ ҳеҷ гоҳ Фариштаро ба ин андоза хушҳол надида буд, ҳатто замоне, ки аз зери чӯби дор берунаш овард.
Асабонияту нороҳатӣ ба ҳама намезебад, аммо ба ҳусни оғо зам мекард. “Худоё, чаро ин мардро чунин зебову афсунгар офаридӣ, ки бо як нигоҳ муқаддастарин хоҳишҳоямро ба нестӣ мебарад!”
-Фаришта, худат медонӣ, ки чӣ қадар вобастаат шудам, дӯстат медорам, дурии туро то хонаи Алтанхотун наметавонам таҳаммул кунам, чӣ бираса ба як сарзамини дига, ки шояд ҳеҷ гоҳ якдигарро набинем... Ном Худо, пуштама холӣ накун...
Фаришта лол шуд. Қотеияте, ки як лаҳза пеш тамоми вуҷударо фаро гирифта буд, гӯё дуд шуду ба осмон рафт. Боз дар ҳамон дуроҳае қарор гирифт, ки як роҳаш ба сӯи таҳдашт мебарад, роҳи дигар ба сӯи ватан.
“Духтари беирода, ақлат куҷост, магар ту набудӣ, ки мегуфтӣ агар як бори дигар модарамро бубинам, дигар армон надорам, пас бардор бору бандатро ва ба роҳ баро!” Чашмаш ба хола Наврӯз афтод, ки бо ишораи сар “буру” мегуфт.

пешина
аз 473
навбатӣ