ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-На...ҳақ надора.
Чеҳраи оғо каме кушода шуд.
-Фаришта... ӯ ба ҷамъи занҳо нигоҳ кард, ки аз соати расидани меҳмонҳои нохонда гоҳ дар як гӯша ҷамъ мешуданд, гоҳ дар гӯшаи дигар.
Фаришта кӯдак дар бағал ва буғчае дар даст аз дари ошхона берун омад. Дар тан пероҳани панҷобӣ ва дар сар чодари осмониранг дошт. Гӯё барои ин сафари деринтизор кайҳо омода буд. Ҷисмаш баъди зоймон пурра ба ҳолати пешина баргашта, бо вуҷуди заҷрҳои кашида, аз ҳусни модарзодаш заррае кам нашуда буд.
Оғо ба зани хизматгор ишора кард, ки кӯдакро аз дасти Фаришта бигирад. Сафири тоҷик баробари дидани Фаришта ба тарафи ӯ давид.
-Худоро шукр, ки пайдо шудӣ, хонаводаат дар ҷустуҷӯи ту ай пой афтод. Чаро як бор аз худ дарак надодӣ? Сафир бо аҷала аз ҷайбаш шиносномаи обирангро берун оварду бо ифтихор ба Фаришта супурд.
-Мо ин рӯзро аз замони нопадидшуданат интизор будем, медонам хеле заҷр кашидӣ, аммо дигар ҳамааш тамом шуд, ин поспурт роҳи туро ба ватан боз мекунад ва ба дидори азизонат мерасонад. Муборак бошад!
Фаришта ҳаяҷонӣ шуд, шиносномаро бӯсиду ба синааш пахш кард ва бо дастони ларзон саҳифаи аввалашро кушод.
Аз шиноснома Фариштаи ҳаждаҳсола бо чашмони орӣ аз заҷр ва чеҳраи мотамнадида ба Фариштаи акнунӣ, ки тамоми мусибатҳои кашидаашро мешуд аз оинаи чашмонаш хонд, нигоҳ мекард.
-Ин аксро аз куҷо гирифтед?
-Аксро холаат фиристод, хеле барои пайдо карданат заҳмат кашид, холаат ва Рашид. Идорае намонд, созмоне намонд, ки онҳо муроҷиъат накарда бошанд. Рашид Салиби Сурхро ба по хезонд, онҳо туро дар чандин вилоят ҷустуҷӯ карданд, аммо пайдо нашудӣ. Дар бораи инҷо буданат, ба мо тасодуфан кадом хайрхоҳе навишт, нома беимзо буд, аммо кори хубе шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо