ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Оғо тамасхуромез лабханд зад, аммо пӯсти сафедаш дар пеши назари меҳмонҳо чанд дафъа ранг иваз кард, мисли анор сурх шуд ва мисли девор сафед.
-Аз куҷо фомиден, ки и хонум дар и хона зиндагӣ мекуна? Ира кӣ ба шумо гуфта? - омирона пурсид ӯ.
-Касе ба сафорати Тоҷикистон нома зада, гуфта, ки шумо и занакара иҷборан дар и хона ҳабс каден. Марди низомӣ бо оғо гӯшакӣ мекард, то дигарон нашнаванд.
Оғо мушти дасти росташро башиддат ба кафи дасти чапаш зад ва пушт ба меҳмонҳо ба гӯшаи дигар ҳавлӣ рафт.
Зери лаб номанависро мазаммат мекард. Аз Фаришта гумонбар набуд, хулқу атвору зарфиятҳои ӯро хуб медонист.
Сар бардошту чеҳраи Маҳвашро пушти панҷара дид, ки аз зери чодар ба оғо нигоҳ мекард. “Ин кор аз ту баъид аст, номаро нафари аз ману ту зарангтар навиштаст.” Оғое, ки бо ҳама забон меёфт ва дили ҳамаро ба даст меовард, акнун дар баробари як амали ногузир ва аз тасаллуташ хориҷ нороҳат буд.
-Гулоға сайиб, и мардум вақти зиёд надоранд, лутф кунену, аму хонуми тоҷикира садо кунен, биген, берун буроя..., шумо хо намехоен, мунасибати ду давлата хароб кунен...
Оғо ин таҳдидҳоро намешунид. Ӯро ин эҳтимол, ки дигар Фариштаро ҳеҷ гоҳ намебинад, карахту пакар мекард.
-Оғо, мардумро зиёд манъ накунед, хубӣ надора...
-Кӣ гуфт, ки и хонум хоҳиши баргаштан дора, ма ҳамчунин ҳарфера бори аввал мефомум? - гуфт ӯ ниҳоят.
-Барои и ҳарфо дига як зарра дер шуда... сафорат барош поспурт ҷӯр када, ҳамватанош, хоҳару биродарош хабар доран, ки и зан зинда аста, аз мо мехоян ки ура илло кунем, аз мансабдорошон талаб мекунан, ки ура ба ватан биёран. И коро хо ба и содагӣ нест..., кореш намешава кад.
-Агар и хонум нахоҳа, касе ҳақ дора ура маҷбур ба ватануш баргардона?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо