ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта худаш ҳам дар ин хонаи пур аз дому тазвир роҳат набуд. Шабҳо бачаашро бағал мекарду то рӯз ба замин намегузошт, аз ҳар садо ба ҳарос меомад, васвосӣ мешуд.
Аммо ба оғо чизе намегуфт, намехост нороҳаташ кунад.
Мушкил рӯзе худ ба худ ҳал шуд, ба шевае ҳал шуд, ки Фаришта интизорашро надошт. Як субҳи тобистон, касе ба дари хонаи оғо бо исрор мушт зад, Шопур дарро боз карду се марду як занро ба думболи худ ба саҳни ҳавлӣ овард. Яке аз мардҳо либоси низомӣ дошт ва бинобар чеҳраи сабзинааш, аз мардуми маҳаллӣ буд, ду марди дигар мисли мақомдорон короват зада буданд ва куту шалвор доштанд. Зани сафедпӯсти малламӯй, ки зоҳиран фарангӣ буд, дар тан шалвору болопӯш ва дар сар русарии норинҷӣ дошт. Шопур ҳаш-ҳашкунон аз зинаҳои баланди сохтмони оғо баланд шуд, то ӯро аз омадани меҳмонҳои нохонда огоҳ кунад. Занҳо аз дари ошпазхонаву панҷараи сохтмон калла мекашиданд ва бо кунҷковӣ меҳмонҳоро тамошо мекарданд.
Оғо хушлибос билофосила ба дидани меҳмонҳо наомад.
Гӯё ҳар рӯз даста-даста зану марди хушлибос аз ӯ зиёрат мекарданд, ки баъди ним соат бо салобати ҳамешагиаш ва бо оромӣ аз паллаҳо пойин шуд. Ба мардҳо даст доду меҳмони занро танҳо “хуш омадед” гуфт ва суоломез ба онҳо нигоҳ кард.
-Гулоғо сайиб, ин ду нафар намояндаи Тоҷикистон астан ва ин хонум ҳам аз Салиби Сурх омада... гуфт, марди низомипӯш бо узру маъзарат.
Бо заковате, ки оғо дорад, танҳо калимаи Тоҷикистон кофӣ буд, ки ӯ ҳадафи омадани меҳмонҳоро дарк кунад.
-Инҳо чӣ мехоян?- гуфт ӯ бо ахмҳои гирифта. Марди низомӣ варақеро аз пӯша берун овард.
Талаб доран, ки табааи кишварашон хонуми Фаришта Сафаруворо ба онҳо таслим кунӣ...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо