Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Дар и замон кадом одами боақл аз мерос даст мекаша, - сарзаниш кард хола Наврӯз, - амиёлиям дер нашуда, бура хоната соибӣ ку.
-Издивоҷам бо Ҳашмат-оғо аз аввал иштибоҳ буд, хола, ман ӯро фиреб додам, ҳоло ҳам азоби виҷдон дорам. Агар бо ӯ арӯсӣ намекардам, шояд ҳоло зинда буд. Шабҳо ба хобам меояд, чизе намегӯяд, дуру дароз ба ман зул мезанад ва нопадид мешавад. Худо маро бубахшад...
Хола гунаҳкорона сар такон дод, аммо баъди сукути кӯтоҳ, хоки Ҳашмату хонаводаашро бо элаки худ бехт.
-У ришсафеди лавдара паймонаи умруш пур шуда буд, ага ту намебудӣ, худо ҷонша бо як сабаби дига мегирифт, худа азият накун, уқа одами хубе набуд..., мисли ами додарзодаи занбозаш, ки тура ба и рӯзо гирифтор кард!
Фаришта хомӯшона ба ҳарфҳои хола розӣ мешуд. Оғо ӯро ба хонааш ҳамчун ҳамсари Ҳашмат-оғо овард ва ба аҳли хонавода дастур дод, ки аз “беваи коко” муроқибат кунанд.
Дар ҳузури мардум ба Гулиноз нигоҳ намекунад, вале дар танҳоӣ сару рӯяшро мелесад ва духтари нози ман мегӯяд.
Гоҳо шабона аз хона берун меравад ва вонамуд мекунад, ки то саҳар барнамегардад ва баъди хобидани аҳли хонавода аз роҳи дигар ба ҳуҷраи Фаришта меояд ва чанд соатеро бо онҳо хуш мегузаронад. Мегӯяд, ки танҳо дар ин ҳуҷра эҳсоси хушбахтӣ мекунад. Аммо Фаришта хушбахт набуд. Ӯ аз ин васлҳои нимашабӣ метарсид, метарсид, ки ин роз билохира ошкор ва рӯзаш сиёҳ мешавад.
Хола Наврӯз ҳам ағлаб ба ӯ ёдрас мекард, ки зимоми сарнавишташро ба дасти худ бигирад.
-Бубин духтар, ту хо дигар канизи зархарид нестӣ, беваи як марди сарватманд шудӣ, ай оғо талаб кун, ки тура ба ватанут баргардона, фомидӣ? Хонаи оғо бари ту як донаву сад дом дора, як рӯз не як рӯз ба сурут бало меора. Надидӣ, ки Зарандуд холи бари рӯи Гулинозро диду мисли мор ба худ печид?

пешина
аз 473
навбатӣ