ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Оғо аз Маҳваш метарсад ва аз Зарандуд ҳарос дорад. Хола Наврӯз мегуфт, Зарандуд ба ҳамсари хурдии оғо тӯҳмат зад, ки бо писарандараш робита дорад ва ӯ ҷомадонашро бардошту батамом аз хона рафт. Бо вуҷуди ин Фаришта исрорҳои Алтанхотунро рад карду озими бозгашт ба хонаи оғо шуд.
Хотун кӯдакро бағал карду бо алам гирист.
-Ма ай и рафтани ту ҳиси хубе надарам, бачем, бо ма биман, мага иҷа хушҳал нестӣ?
-Хотун бачаро ба ман бидеҳ. Аҷуза дастони шабеҳи чӯби ғӯза хушку қаҳварангашро ба сӯи Алтанхотун дароз кард.
Кӯдак аз хушҳолӣ бол даровард ва ба хармуҳраҳои гардани аҷуза часпид. Бағали аҷуза барои ӯ беҳтарин бозигоҳ буд.
Шопур дар дами дар бесаброна равуо дошт ва ҳар дам ба Фаришта ишора мекард, ки зудтар берун барояд. Билохира тоқаташ тоқ шуду мошинаш баланд буғ зад.
Фаришта Гулинозро бо аҷала аз оғӯши кампир берун кашид, кӯдак чиррос мезаду дасти аҷузаро сар намедод.
-Духтари парии обӣ, диқ наку, ту ҳамеша бо ман мемонӣ.
Лабханди мармузе дар лабони аҷуза зоҳир шуд ва ӯ оромона дасти кӯдакро аз панҷаҳои худ раҳо кард.
Барои Фаришта, ки акнун беваи Ҳашмат-оғо ба ҳисоб мерафт, дар хонаи оғо ҳуҷраи муҷаҳҳазе омода карданд.
Чашмони Маҳваш аз косахонаи сараш даромад ва Зарандуд чун мор дар атрофи ҳуҷраи Фаришта мехазиду ором намегирифт.
-Чиро ба хонаи шуҳари марҳумаш намера? Чида да и хона чамбарак зада?- мегуфт ва оташи хашми Маҳвашро бештар мекард. Фаришта номи хонаи Ҳашмат-оғоро шунидан намехост ва хоҳиши Марворидро, ки мегуфт ба хонаи худ баргардад, хона бо ҳамаи мону манолаш ҳақи ҳалоли Фаришта ва бачааш аст, рад кард. Ӯ аз туҳмате, ки Фариштаро то пойи дор бурд, эҳсоси гуноҳ мекард ва сандуқи сару либос ва ҷавоҳиротро, ки Фаришта дар хонаи Ҳашмат-оғо ҷо гузошта буд, баргардонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо